Ширкатҳо билет мефурӯшанд, вале Тоҷикистон ба парвозҳо иҷоза надодааст

Мақомоти Тоҷикистон хабарҳоро дар бораи оғози парвози ҳавопаймоҳо ба Русия рад карданд. Масъулони Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфтанд, ба ягон ширкат иҷозаи парвоз дода нашудааст ва рафтуои ҳавоӣ танҳо баъди ба эътидол омадани вазъи вобаста ба коронавирус имконпазир хоҳад шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.