Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон аз ҳукумат хостаанд, ки сабукиҳоро дубора барқарор кунад

Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон хостори дубора барқарор намудани сабукиҳо дар шароити пандемия шудаанд. Соли гузашта ҳукумат барои чанд моҳ ба бахши сайёҳӣ ва чанд соҳаи дигар сабукиҳои молиётӣ дода буд, ки мӯҳлаташ ба анҷом расид.

Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ширкатҳои сайёҳӣ аз онҳо хостаанд сабукиҳо дубора барқарор шаванд. Ба гуфтаи ӯ, таклифу дархостҳои ширкатҳои сайёҳиро ба ҳукумат пешниҳод кардаанд ва ин масъала дар баррасии ҳукумат қарор дорад. 

Ба гуфтаи масъулини Кумитаи рушди сайёҳӣ, ин бахш соли гузашта бинобар пандемияи фарогири КОВИД-19, беш аз 170 миллион доллар зарар дидааст. Тоҷиддин Ҷӯразода гуфт, то хуруҷи пандемия фоидаи бахши сайёҳӣ ба иқтисоди кишвар солона 230-250 миллион долларро ташкил медод, аммо соли гузашта ин омор то 72,6 миллион доллар коҳиш ёфт.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ афзуд, дар шароити пандемия бекорӣ аз ҳисоби бахши сайёҳӣ бештар шуд. Бо ин вуҷуд ӯ таъкид кард, ки соли гузашта шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 224 адад расид, ки нисбати як соли пеш 22 адад зиёд мебошад.

Мақомоти Кумитаи рушди сайёҳӣ гуфтанд, ки соли гузашта 410 ҳазор сайёҳӣ хориҷӣ ба Тоҷикистон омаданд, ки назар ба соли қабл 909 ҳазор ё 69 дарсад кам шудааст. Аз ин шумора 350 ҳазор нафари онҳо сайёҳон будаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.