Ширкати амрикоии Moderna воксини нав бо самаранокии 95% -иро озмоиш кард

  • Манобеи молӣ: EUCTJ
Ширкати биотехнологии Moderna аз ИМА эълон кард, ки таҳлили пешакии таҷрибавии воксини КОВИД-19 пас аз озмоишҳои марҳилаи севвум 95% самаранокии худро нишон дод.
  • Дар ин бора хадамоти матбуотии ширкат бо пахши як баёния хабар додааст.
  • Гуфта мешавад, дар ин озмоиш  30 ҳазор нафар иштирок карданду танҳо 95 нафар ба бемории КОВИД-19 гирифтор шуданд.
  • Айни замон, 90 ҳолати беморӣ ба гурӯҳи назорат тааллуқ дорад, ки ба намояндагони онҳо ба ҷойи mRNA-1273 платсебо гузаронида шудааст. Миёни онҳое, ки воқеъан воксин гирифта буданд, танҳо 5 нафар ба беморӣ гирифтор шуданд, ки ин самаранокии баланди воксинро нишон медиҳад.
  • “Ин барои мо дар роҳи коркарди воксини нав лаҳзаи сарнавиштсоз аст. Натиҷаи таҳлили фосилавӣ ба мо аввалин хулосаҳои клиникиро дод, ки ин воксин метавонад ҳатто шакли вазнини беморони КОВИД-19- ро пешгирӣ кунад”- таъкид кардааст раиси кулли ширкати Moderna Стефан Бансел.
  • Ширкат ҳушдор дод, ки баробари дастрас шудани маълумоти нав, арзёбии самаранокии воксин метавонад тағйир ёбад. Бо вуҷуди ин, Moderna ба нақша гирифтааст, ки дар ҳафтаҳои наздик ба Идораи озуқаворӣ ва доруҳои ИМА (FDA) барои иҷозат аз истифодаи mRNA-1273 дар ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат кунад.
  • То охири соли 2020, Moderna ба нақша гирифтааст, ки 20 миллион воя (доза)-ро, ки барои эмгузаронии аҳолии ИМА лозим аст, истифода барад. Дар соли 2021, ширкат интизор дорад, ки аз 500 то 1 миллиард воя воксин тавлид кунад.
  • Имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон зиёда аз 200 озмоишгоҳҳо барои таҳияи воксини зидди бемории КОВИД-19 кор мебаранд.
  • Хотиррасон мекунем, ки ҳафтаи гузашта BioNTech ва Pfizer бар асоси натиҷаҳои таҳлилҳои қаблӣ, аз 90% самаранокии воксини зидди бемории КОВИД-19  хабар доданд, ки дар марҳилаи сеюми озмоиши он беш аз 43 ҳазор нафар ширкат карданд.

The post Ширкати амрикоии Moderna воксини нав бо самаранокии 95% -иро озмоиш кард appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.