Ширкати байналмилалии ҳавоии Украина парвозаш ба Арманистонро боздошт

Дар паи даргириҳои нав дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ ширкати байналмилалии ҳавоии Украина парвози нақшавӣ ба Ереванро боздошт. Ширкати ҳавоӣ дар изҳороте гуфт, бо нигарониҳои амниятӣ аз парвоз бар фарози Арманистону Озарбойҷон худдорӣ мекунад. Парвоз ба Ереван, пойтахти Арманистон дар таърихи 2 ва 3 октябр ва ба пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку 4 октябр ба нақша гирифта шудааст. Дар изҳорот омадааст, ки тасмим дар бораи ин парвозҳо дертар гирифта мешавад.  Арманистон рӯзи 27 сентябр гуфт, баъди, ба қавли Ереван, ҳамлаҳои Озарбойҷон ба минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ, муқаррароти низомӣ ва сафарбаркунии оммавиро ҷорӣ кард. Дар низоъҳои се рӯзи ахир ҳавопаймоҳои бесарнишин, чархболу тонкҳо истифода шуд. 8-уми январ як ҳавопаймои ширкати украинӣ дар авҷи ихтилофҳои Теҳрону Вашингтон тасодуфан аз ҷониби нирӯҳои мусаллаҳи Эрон суқут дода шуд. Ин ҳавопаймо бо даҳҳо мусофир мавриди ҳамлаи ду мушаки эронӣ қарор гирифт. Он замон Эрон дар посух ба куштори генерали нирӯҳои Қудс хост ба самти пойгоҳи низомии амрикоиҳо дар Ироқ мушак партоб кунад, вале, тавре баъдан эътироф кард, тасодуфан ба ҳавопаймои мусофирбаи украинӣ расид.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.