Ширкати “BioNTech” гуфтааст, истеҳсоли воксинаи зидди КОВИД-19-ро бештар мекунад

Ширкати олмонии дорусозии “BioNTech” гуфтааст, ки истеҳсоли воксинаи зидди COVID-19-ро бештар мекунад, то мушкили дастрасӣ ба воксина камтар шавад.

Угур Шоҳин, муассиси “BioNTech”  ба нашрияи “Der Spiegel”-и Олмон гуфтааст, дар ҳоле ки ҳанӯз ширкатҳои дигар иҷозаи комили истифодаи воксинаро надоранд, холигоҳ дида мешавад ва бояд онро бо истеҳсоли бештар пур кунанд.

“BioNTech”, воксинаи худро дар ҳамкорӣ бо ширкати амрикоии Pfizer таҳия кардааст. Онро моҳи гузашта Иттиҳоди Аврупо барои истифода тасдиқ кард ва инчунин дар Бритониё, Канада ва ИМА истифода мешавад.

“BioNTech”  ба нақша гирифтааст, ки моҳи оянда дар Олмон як корхонаи нави истеҳсолӣ боз кунад, ки ба он имкон медиҳад, ки дар нимаи аввали соли равон ба миқдори 250 миллион вояи ваксина истеҳсол кунад. “BioNTech”  ва “Pfizer” қаблан ба нақша гирифта буданд, ки дар соли 2021 дар саросари ҷаҳон 1,3 миллиард доза ваксина тавлид кунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.