Ширкати Johnson & Johnson баъди бемории номуайяни як ихтиёрӣ санҷиши воксинаро боздошт

Ширкати Johnson & Johnson, ки бо истеҳсоли маҳсулоти беҳдорӣ маъруф аст, бо сабаби ошкор шудани бемории номуайяне дар як ихтиёрӣ санҷиши воксинаро боздошт. Ширкати азими амрикоӣ яке аз рақибони ҷиддӣ дар заминаи коркарди воксинаи зидди COVID-19 ба шумор мерафт. Ширкат дар ин бора дар як изҳороти рӯзи 12-уми октябр хабар дода гуфт, ки  таҳқиқот дар давраи сеюми озмоишҳо бо сабаби бемор шудани як ихтиёрӣ муваққатан боздошта мешавад. Johnson & Johnson гуфт, ки чунин танаффусҳо дар ҷараёни озмоишҳое бо ширкати ҳазорҳо ширкатдор як кори маъмулӣ аст. Дар изҳорот ҷузъиёти марбут ба мушкиле, ки ба он шахси ихтиёрӣ дучор шудааст, шарҳ дода намешавад. Дар айни замон, дар кишварҳои мисли Бритониё, Бразилия, Африқои Ҷанубӣ ва Ҳинд баъди танаффус таҳқиқи воксинаҳои эҳтимолии зидди коронавирус идома доранд. Дар озмоиши ширкати Johnson & Johnson 60 ҳазор ихтиёрӣ иштирок мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.