Ширкати зери итоати Бег Сабурро аз пардохти қариб як миллион доллар озод карданд

“Тоҷиктелеком”-ширкате, ки воридоти интернетро дар инҳисор ё монополияи худ дорад, аз пардохти қариб як миллион доллар андозу ҷарима озод шуд. Хабаргузории “Азия Плюс” менависад, дар ин бора қарори ҳукумат содир шудааст.

Пештар Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз гуфта буд, ширкати “Тоҷиктелеком” яке аз қарздорҳои калон аз андоз мебошад. Ба гуфтаи Давлатзода, ин ширкат дар назди будҷаи кишвар 86 миллион сомонӣ ё 7,6 миллион доллар қарздор аст.

Бар асоси қарори нави ҳукумат, “Тоҷиктелеком” аз пардохти 5,5 миллион сомонӣ қарзи андоз ва 5,5 миллион сомонӣ фоиз ва ҷаримаҳо озод шудааст.

“Тоҷиктелеком”-ширкати зертобеи Хадамоти алоқа ягона воридкунандаи интернет ба Тоҷикистон аст. Вале сарфи назар аз ин ширкат солҳои ахир вазъи молие хубе надорад ва андозу дигар ширкатҳо қарздор шудааст.

Қаблан идораи барқи Душанбе ва ширкати Тселл ба хотири напардохтани қарз, аз болои “Тоҷиктелеком” ба додгоҳ шикоят бурда буданд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.