Шоҳҷоизаи Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар Роғун насиби Аниса Меликмуродова гардид

РОҒУН, 28.008.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Роғун миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷамоати шаҳр даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»  баргузор гардид.  Дар ҷамъбасти даври дуюми озмуни мазкур   13 нафар ғолиб дониста шуда, ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд. Шоҳҷоизаи озмун насиби дастпарвари мактаби бачагонаи мусиқии шаҳри Роғун Аниса Меликмуродова гардида, ӯ ҳамчунин бо 3500 сомонӣ қадрдонӣ шуд. Дар ин бора корманди маркази матбуоти  бахши фарҳанги шаҳри Роғун Ҳавасмо  Комилзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. 

Дар озмун 22 нафар иштирокчиёне, ки дар  натиҷаи санҷиши ҳайати ҳакамон аз даври аввали озмун ба даври шаҳрӣ роҳ ёфта буданд, бо ҳам рақобат намуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  ғолибони озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»-ро бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ  ба андозаи 1300 сомонӣ ба ғолибони  ҷойҳои аввал, 1000 сомонӣ ба ғолибони  ҷойҳои дуюм, 600 сомонӣ ба ғолибони  ҷойҳои сеюм қадрдонӣ намуд.

Мудири бахши фарҳанги шаҳри Роғун Одил Шамсов гуфт, ки мақсад аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»- ин  тараннуми дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон, тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ва  дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои миллӣ  мебошад.

 

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.