Шоираи амрикоӣ Луиза Глюк барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт шуд

Луиза Глюк, як шоири маъруфи амрикоӣ барандаи имсолаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт шуд. Дабири Академияи Шведсия Метс Малм зимни эълони барандаи ҷоиза дар маросиме дар Стокҳолм рӯзи 8-уми октябр гуфт:

“Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 2020 ба Луиза Глюк барои “садои возеҳи шоиронааш дода мешавад, ки бо зебоии қотее вуҷуди шахсиятро ҷаҳонӣ мекунад”.

Луиза Глюк муаллифи 12 маҷмӯаи шеърҳо ва чандин ҷилд китоби дигар аст. Яке аз онҳо – маҷмӯаи шеърҳои “Савсани ваҳшӣ”  барандаи ҷоизаи Пулитсер шудааст. Дар соли гузашта Олга Токарчук ва Петер Хандке барои солҳои 2019 ва 2018 барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт шудаанд. Вале соли 2018 ҷоиза супурда нашуд, чунки ҳамсари шоира Катарина Фростенсон, як узви Академияи Шведсия дар он гумонбар шуд, ки пеш аз тақдими ҷоиза исми барандаҳоро фош карду дар як моҷарои ахлоқӣ бадном шуд.  Жан-Клод Арно, ки аксбардор буд, барои ин кораш ба ду соли зиндон маҳкум гардид. Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт аз соли 1901 тақдим мешавад ва то кунун беш аз 900 нафар барандаи он шудаанд. Дар миёни панҷ адиби шӯравиву рус, ки ҳамчунин ба бурдани ин ҷоизаи мӯътабар сарфароз шуданд,  Иван Бунин, Борис Пастернак, Михаил Шолохов, Александр Солженитсин ва  Иосиф Бродский буданд. Ҷоизаи Нобел аз  10 миллион крони шведӣ, муодили беш аз 1 миллион доллар подош иборат аст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.