ШСХК «Барқи тоҷик»: Дар Тоҷикистон то имрӯз дар интиқоли барқ ягон маҳдудият ҷорӣ нашудааст

ДУШАНБЕ, 04.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз, 4 августи соли 2020 дар интиқоли барқ ягон маҳдудият ҷорӣ нашудааст. Чунин иброз намуд сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Номбура зикр кард, ки аз рӯи ҳисобҳои миёнасолӣ, тавлиди об имсол дар Тоҷикистон, алалхусус дар саргаҳи дарёи Вахш, ки  сарчашмаи асосии тавлиди неруи барқ дар Тоҷикистон мебошад, кам аст. Ин ба захираи барф дар саргаҳи дарёҳои мамлакат вобаста аст. Бо вуҷуди ин ба хотири пурра бо барқ таъмин будани аҳолӣ ва иқтисодиёти миллии мамлакат бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ШСХК «Барқи Тоҷик» шартномаи содироти неруи барқро бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон пеш аз муҳлат қатъ кардааст.

«Хушбахтона, маҷрои дарёи Вахш имрӯз мусоидат карда истодааст, ки ҳар рӯз ба қадри даркорӣ ба обанбори НБО «Норак» барои зимистони дарпешистода об захира карда шавад. Мутахассисони «Барқи Тоҷик» бовар доранд, ки обанбор  миёнаҳои моҳи сентябр то нуқтаи муқаррарӣ аз об пур мегардад ва зарурати маҳдудияти неруи барқ ба сокинони мамлакат намемонад», — гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Дар баробари ин хеле муҳим аст, ки аҳолӣ муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми мамлакатро ҳаммовозӣ намуда, неруи барқро сарфакорона истифода намоянд. «Ҳар як кВт соат неруи барқе, ки мо имрӯз сарфа мекунем, боиси беҳтар таъмин шуданамон бо барқ дар фасли зимистони дар пешистода мегардад»-гуфт дар хотима намояндаи расмии ШСХК «Барқи Тоҷик».

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.