Шумораи қурбониёни КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба 82 тан расид

Вазорати тандурустӣ аз фавти боз як шаҳрванди Тоҷикистон аз бемории СOVID-19 хабар медиҳад. Шумораи умумии қурбониёни аз ин беморӣ аз 30-уми апрел то ба 28-уми октябр расман ба 82 нафар расид.

Ба гуфтаи вазорат, дар шабонарӯзи охир дар кишвар гирифторшавии 40 нафари дигар ба ин беморӣ ошкор шуд ва дар маҷмӯъ шумораи гирифторон дар мамлакат ба 10900 нафаранд.

Ҳамзамон, дар 24 соати охир 61 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10070 (92,4%) расид.

Коршиносони мустақил ба омори расмӣ дар мавриди маргу мир аз КОВИД-19 ва ҳам сироятёбӣ ба короновирус дар Тоҷикистон бо чашми шубҳа менигаранд ва мегӯянд, эҳтимол шуморАи фавтидагон ва сироятёфтагон ба беморӣ ба маротиб аз омори расмӣ бештар бошад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.