Шумори қурбониҳои коронавирус дар ИМА ба ним миллион нафар наздик шуд

Дар ИМА шумори қурбониҳои коронавирус ба 500 ҳазор нафар наздик шудааст. Ин дар ҳолест, ки бо суръат бахшидани барномаи эмкунӣ бар зидди коронавирус, ҳодисаҳои олудашавӣ ба ин вирус дар ИМА тадриҷан кам мешавад. Дар саросари ҷаҳон талафоти инсонҳо аз олудагӣ ба COVID-19 ба 2,5 миллион нафар наздик мешавад, ҳарчанд бовар меравад, ки шумори воқеии талафот бар асари ин вирус ба маротиб бештар мебошад. Дар ИМА аз мавҷи сеюми вирус берун мешаванд ва мутахассисони тиб мегӯянд, ки ҳодисаҳои олудашвии нав, бистаришавӣ дар беморхонаву марги инсонҳо камтар мешавад. Бо ин вуҷуд, мақомоти беҳдошт ҳушдор медиҳанд, ки пандемия ҳанӯз тамом намешавад ва навъҳои нави ин вирус ба як таҳдиди наву воқеӣ табдил шудааст.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.