Шумори қурбониёни садамаи қатор дар Покистон ба 60 нафар афзоиш ёфт

Дар Покистон шумори қурбониҳои садамаи ду қатор то 60 нафар афзоиш ёфт.  Ба ҳангоми бархӯрди ду қатори байнишаҳрӣ дохили онҳо бисёр серодам будааст. Ҳодиса рӯзи 7-уми июн дар назди шаҳри Деркии вилояти Синдҳ рух дод. Ҳанӯз сабаби рух додани ин ҳодиса маълум нест. Усмон Абдулло, як намояндаи мақомоти ноҳияи Ғотки гуфт, “тарси мо ин аст, ки шумори фавтидаҳо аз ин ҳам бештар мешавад”. Ба гуфтаи ӯ, бархе маҷрӯҳон дар ҳолати сангин қарор доранд. Шер Муҳаммад, як скоини маҳаллӣ рӯзи 8-уми июн аз ҷои ҳодиса гуфт:

“Ман дидам, ки мардуми зиёд дар замин хоб буд. Кӯдакон дар дохили вагонҳо руст монданд, гиряву доду фиғон мекарданд, ки касе ёрӣ расонад. Мо баъзеҳоро наҷот додем. Чанде баъд тимҳои ёрирасони ҳукумат  ҳам расида омаданд ва амалиёти наҷотро шурӯъ карданд. Мо ба полиси маҳаллӣ ёрӣ додем, ки ҷасадҳоро ба мошин гузошта баъдан ба беморхонаҳо интиқол диҳанд”.

Матбуот мегӯяд, ки як рӯз баъди ҳодиса осори зиёди садама тоза шуда, роҳи оҳан таъмир мешавад ва шояд то шоми  8-уми июн ҳаракат аз рӯи ин роҳ аз сар гирифта шавад.   

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.