Шумори ҳалокшудагон аз заминларза дар Афғонистон ба зиёда аз 1 ҳазор нафар расид

Мавлавӣ Шарофуддин Муслим, муовини вазорати давлати Толибон дар умури расидагӣ ба ҳаводиси табиӣ дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки 920 нафар дар заминларзаи субҳи имрӯз дар чандин вилояти Афғонистон ҷон бохта ва беш аз 610 нафар захмӣ шудаанд. Дар ҳамин ҳол, телеграмканали @lentadnya хабар медиҳад, ки беш аз 1120 нафар аллакай фавтидаанд.

Манбаъ: Asiaplustj.info

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.