Шумори гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон аз 10 ҳазор гузашт

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 6-уми октябр 40 мавриди собитшудаи бемории COVID-19-ро сабт кард. Ба иттилои расмӣ, аз 30-юми апрел (замони эътирофи мавҷудияти вирус дар кишвар) то кунун коронавирус ба 10014 нафар сироят кардааст. Бештар аз 8837 нафари онҳо шифо ёфта, 78 кас ҷон бохтаанд. “54 гумонбар зери назорати табибон қарор дошта, 43 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”, – гуфтанд дар вазорат. Мутахассисон бовар доранд, ки омори расмӣ баёнгари миқёси воқеии беморӣ ва талафот дар кишвар нест ва теъдоди гирифторону фавтидагон ба маротиб зиёдтар аз он аст, ки мақомот мегӯянд. Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашри хабарҳо пиромуни фавти ин ё он шахс аз бемории коронавирус ва ё илтиҳоби шуш дар муқоиса ба ҳафтаҳои гузашта бештар шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.