Шумори гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон 37 нафар бештар шуд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки 37 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 дар кишвар сабт шудааст. Ба иттилои расмӣ, аз 30-юми апрел (замони эътирофи мавҷудияти вирус дар кишвар) то кунун коронавирус ба 10 ҳазору 297 кас сироят кардааст. Бештар аз 9177 нафари онҳо шифо ёфтаанд.

Мақомот рӯзи 12-уми октябр хабар дода буданд, ки то имрӯз 79 нафар аз коронавируси нав дар Тоҷикистон ҷон бохтаанд. Аммо дар хабарномаи ҳаррӯзаи Вазорати тандурустӣ рӯзи 13-уми октябр дар бораи теъдоди фавтидагон рақаме зикр нашудааст.

Мутахассисон бовар доранд, ки омори расмӣ баёнгари миқёси воқеии беморӣ ва талафот дар кишвар нест ва теъдоди гирифторону фавтидагон ба маротиб зиёдтар аз он аст, ки мақомот мегӯянд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.