Шумори расмии қурбониёни COVID-19 дар Тоҷикистон ба 76 нафар расид

Вазорати тандурустии Тоҷикистон 30-юми сентябр хабар дод, ки дар шабонарӯзи гузашта марги як нафари дигарро аз коронавируси нав сабт кардааст. Бо ин, омори расмии ҷонбохтагон аз бемории ҳамагир ба 76 нафар расид.

Вазорат гуфт, дар шабонарӯзи охир 43 мавриди дигари беморӣ тасдиқ шудааст. Ба иттилои расмӣ, дар маҷмуъ, аз охири моҳи апрел то 30-юми сентябр коронавирус ба 9769 нафар дар Тоҷикистон сироят кардааст. Мақомот мегӯянд, 8572 кас ё 87,7 дарсад шифо ёфтанд.

“74 гумонбар зери назорати пизишкон қарор дошта, 41  нафар баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд”, — гуфтанд дар Вазорати тандурустӣ рӯзи 30-юми сентябр.

Бисёре аз мутахассисон мегӯянд, омори расмии мақомот миқёси воқеии сирояти беморӣ ва талафот дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад ва теъдоди беморону фавтидагон бештар аз он аст, ки вазорати тандурустӣ мегӯяд.

Муассисаҳои байналмилалӣ мегӯянд, заъфи мақомоти тандурустӣ дар озмоиши васеъ аз беморӣ метавонад, як сабаби кам будани омори гирифторону талафот бошад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.