Шурӯи мурофиаи муттаҳам дар куштори Зелимхан “Торнике” дар Олмон

Дар Олмон рӯзи 7-уми октябр мурофиаи додгоҳии марбут ба куштори як собиқ фармондеҳи чечентабор дар Берлин, ки эҳтимолан бо супориши Маскав рух додааст, шурӯъ шуд. Мақомоти олмонӣ мегӯянд, ки шахсе бо номи Вадим К. ё Вадим С, ки дар матбуот ӯро Вадим Красиков меноманд, дар ҳодисаи рӯзи 23-юми августи соли гузашта дар куштори шаҳрванди Гурҷистон Торнике К.-и 40-сола гунаҳгор мешавад. Матбуоти олмонӣ қурбониро бо номи Зелимхан “Торнике” Хангошвилӣ муаррифӣ кардааст. Бар асоси айбномаи мақомоти тафтишотии Олмон, Вадим К.-и 55-сола  як иҷрокунандаи фармоиши “сохторҳои давлатии ҳукумати марказии Русия” мебошад.  Хангошвилӣ як марди чечентабори шаҳрванди Гурҷистон буд ва дар ҳайати нирӯҳои Русия дар Чеченистон ҷангидааст. Баъди фирораш ба Олмон дар соли 2016, ки он ҷо паноҳандагӣ гирифта буд, Хангошвилӣ чандин бор мавриди сӯиқасд қарор гирифта буд. Муфаттишони олмонӣ гуфтаанд, ки дар ин ҷиноят паи Русия дида мешавад. Қаблан сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков иттиҳоми дахолати Русияро дар куштори Берлин “комилан беасос” номида буд. Дар паи ин қазия моҳи декабр Олмон ду дипломати русро аз хокаш берун кард ва Русия ҳам бо чунин тасмим посух дод. Ин қазия ва чанд мавриди дигар, аз ҷумла нақши Русия дар рахна ва дуздида шудани санадҳои садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва заҳролуд шудани мунаққиди Кремлин Алексей Навалний дар равобити Берлину Маскав таниши бештар ворид кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.