Шурӯи парвозҳои мунтазам аз Маскав ба Бокуву Ереван

Русия тасмим гирифт, ки парвозҳои мунтазамро бо Озарбойҷон ва Арманистон аз сар гирад. Хабаргузориҳои русӣ менависанд, тасмим гирифта шуд, ки иртиботи дуҷонибаи ҳавоӣ бо Озарбойҷон ва Арманистон аз 15 феврал барқарор карда шавад. Қарор дар бораи барқарор кардани парвозҳо бо сабаби беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ гирифта шудааст. Нахуствазири Русия Михаил Мишустин иҷозат дод, ки ҳафтае ду маротиба тариқи хатсайри Маскав-Баку ва чаҳор бор дар ҳафта дар масири Маскав-Ереван парвоз сурат бигирад. Ба илова, аз 8-уми феврал ҳаракати қатор ва ё поезд аз рӯи се самт бо Белорус барқарор шуда, шумори парвозҳои доимӣ аз Маскав ба Минск афзоиш дода мешавад. Ба ҷуз ин, аз ҳафтаи оянда теъдоди парвозҳои доимӣ аз Маскав ба Бишкек аз як ба се маротиба расонида мешавад. Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон чанд ҳафтаи ахир аз сабт нашудани ягон мавриди сироятёбӣ ба COVID-19 дар кишвар хабар медиҳад, зоҳиран Русия барои азсаргирии паврозҳои доимӣ бо Тоҷикистон ва ё барқарор намудани ҳаракати қаторҳо саросема нест. Пештар тарафи Тоҷикистон гуфта буд, ки хостори бо ҳолати одӣ баргаштани парвозҳои байни ду кишвар аст, вале дар ин масъала бо Маскав созише ҳосил нашудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.