Шурӯи сохтмони роҳи Дарвоз-Рӯшон

Рӯзи 27-уми сентябр маросими ба истифода дода шудани қитъаи навсохти роҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чин баргузор шуд, ки аз деҳаи Ёгед гузашта то маркази ноҳияи Дарвоз мерасад. Маросим бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, қитъаи роҳи нав  26 километр буда, бо маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон, Бонки исломии рушд, Хазинаи саудии рушд, Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб ва Хазинаи ОПЕК бо харҷи қариб 32 миллион доллар сохта шудааст. Ин роҳ дар давоми ду сол сохта шуд.  Дар хабар таъкид шудааст, ки қисмати роҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чин идомаи бунёди шоҳроҳи мошингард ба самти шарқии мамлакат мебошад, аз ин рӯ аҳамияти  иқтисодиву стратегӣ дорад.

Рӯзи 27-уми сентябр инчунин маросими шурӯи сохтмони  қитъаи роҳи Дарвоз-Рӯшон барпо шуд, ки як бахше аз  шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чин мебошад. Ин қитъаи роҳ ҳоло 109 километрро ташкил дода, баъди  пурра таҷдиду навсозӣ гардиданаш 16 километр кӯтоҳ мегардад ва дар маҷмӯъ 92,3 километрро ташкил медиҳад. Маблағи лоиҳа наздики 2,5 миллиард сомониро дар бар мегирад. 

Дар маросими шурӯи сохтмони ин қитъаи роҳ мақомоти дипломатии сафорати Чин дар Душанбе ҳам ширкат карданд. 

Чин сармоягузори калидии иқтисоди Тоҷикистон буда, аксари қарзи хориҷии Тоҷикистонро ҳам ин кишвар додааст. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.