Швейтсария гуфт, пулҳои Гулнора Каримоваро ба Узбекистон бармегардонад

Швейтсария мувофиқат кардааст, 130 миллион доллареро, ки ҳангоми таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ ба зидди Гулнора Каримова, духтари калонии раиси ҷумҳури собиқ Ислом Каримов мусодира карданд, ба Узбекистон баргардонад. Ҳукумати Швейтсария рӯзи 11-уми сентябр гуфт, ки ду тараф дар ин замина ба мувофиқа расидаанд ва бар тибқи созиш ин дороиҳо “бояд ба нафъи мардуми Узбекистон истифода шавад.”

Созише, ки ду тараф имзо кардаанд, ҳоло ҳукми иҷро надорад ва аз ҳукумати Узбекистон талаб мекунад, ки дар иваз чанд шартро иҷро намояд. Аз ҷумла шаффофият дар истифодаи маблағҳо, таъсиси механизми назорат, истифодаи онҳо барои беҳтар кардани шароити зиндагии мардум чанде аз ин шартҳо будааст. Швейтсария ба сабаби парвандаи ҷиноӣ ба зидди Гулнора Каримова, соли 2002-ум дастрасӣ ба 800 миллион франк ва ё 880 миллион доллар дороиҳои марбут ба ӯро номумкин сохт ва 131 миллион доллари онро соли 2019 мусодира кард.

Бақияи пулҳо дастнорас мемонанд ва дар баёнияи ҳукумати Швейтсария омадааст, бар асоси қарордод, ҳаргуна пули дигаре, ки дар ҷараёни таҳқиқи парванда мусодира мекунанд, ба Узбекистон баргардонида мешавад. Моҳи майи имсол мақомоти расмии Узбекистон гуфтанд, ки Фаронса 10 миллион доллар дороиҳоеро, ки Гулнора Каримова ғайриқонунӣ ба даст оварда буд, ба Тошканд баргардонидааст.

Баъди ба зиндон маҳкум шудани духтари раиси ҷумҳури пешини Узбекистон дар соли 2017, ин кишвар дар пайи пас гирифтани 1 миллиард доллар пул ва дороиҳое шуд, ки бовар меравад, Гулнора Каримова дар хориҷа нигаҳ медорад. Ӯро, ки замоне ҷойгузини эҳтимолии Ислом Каримов мешумурданд, соли 2014 ба ҳабси хонагӣ гирифтанд. Падараш дар он замон зинда буд ва кишварро раҳбарӣ мекард.

Бо гузашти Каримов дар соли 2016, Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Узбекистон шуд. Таҳқиқи парвандаҳои ҷиноӣ дар Швейтсария, Шветсия, Ҳолланд нишон додааст, ки Гулнора Каримова солҳои дароз бо шеваҳои мураккабе аз ширкатҳои мухобиротӣ барои роҳ додани онҳо ба бозори фоидаовари телекоммуникатсионии Узбекистон ришваҳои зиёде гирифтааст.

Гулнора Каримоваро соли 2017 ба 10 соли зиндон маҳкум карданд, вале баъдан ҳукми ӯ ба 5 соли ҳабси хонагӣ иваз шуд. Моҳи феврал бо ирсоли номае ба унвони Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки дар сурати лағви парвандаи ҷиноӣ 686 миллион долларро бармегардонад. Вале як моҳ баъд Гулнора Каримоваро бо гуноҳҳои тамаъҷӯӣ, пулшӯӣ ва дигар ҷиноятҳо ба 13 соли иловагии зиндон маҳкум карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.