Барқияи Си Ҷинпин ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 07.09.2019./ АМИТ «Ховар»/. Тавре хабар дода будем, Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба унвони  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуд. Дар ин барқия Си Ҷинпин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин, ҳамчунин шахсан аз номи худам  табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти ин ҷонибро ба Шумо ва ба мардуми дӯсти тоҷик ба муносибати 28-мин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоям.

Моҳи апрели соли ҷорӣ Шумо дар Чин дар Дуввумин форуми сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар чорчӯбаи “Як камарбанд ва як роҳ” ширкат варзидед. Моҳи июни соли равон ин ҷониб ба Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом дода, дар мулоқоти сатҳи олии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок доштам. Мову Шумо музокироти самарбахшеро доир намуда, ба мувофиқаҳои васеъмиқёс расидем ва нақшаи нави густариши минбаъдаи муносиботи дуҷониба ва ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф таҳия намудем. Ман ба рушди муносибатҳои миёни Чин ва Тоҷикистон аҳаммияти хосса медиҳам ва ният дорам дар якҷоягӣ бо Шумо ҷиҳати бемайлон  бардоштани сатҳи муносибатҳои шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Чин ва Тоҷикистон ба зинаҳои боз ҳам баландтар бар нафъи кишварҳо ва мардумони мо саъю талошҳои муштарак ба харҷ диҳам.

Ба Тоҷикистони дӯст шукуфоиву тавоноӣ ва ба мардуми он саодату некӯаҳволӣ орзумандам».

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.