SIPRI гуфт, тамоюли коҳиши силоҳҳои ҳастаӣ ба охир мерасад

Як созмони бонуфузи муҳаққиқи силоҳ ҳушдор дод, ки зоҳиран тамоюли коҳиш дар силоҳи ҳастаӣ, ки аз охири Ҷанги сард шурӯъ шуд, хотима ёфт ва  Русия ва ҳам ИМА дар сиёсати дифоии худ ба аҳамияти силоҳҳои ҳастаӣ таъкид мекунанд. Рӯзи 14-уми июн Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалии сулҳи Стокҳолм (SIPRI ) гуфт, нӯҳ давлати дорои силоҳҳои ҳастаӣ – ИМА, Русия, Бритониёи Кабир, Фаронса, Чин, Ҳинд, Покистон, Исроил ва Кореяи Шимолӣ  дар аввали соли 2021 дар маҷмӯъ 13080 силоҳи ҳастаӣ доштанд, ки дар қиёс бо соли 2020 коҳиши андак аст. Дар ин омор силоҳҳои қадима ҳам ҳастанд ва бидуни онҳо, ба қавли муҳаққиқон, шумори силоҳ аз 9,380 ба 9,620 афзоиш ёфтааст.

Ҳанс Кристенсен, мутахассиси калони SIPRI мегӯяд, ҳоло тамоюли умумии афзоиши кулоҳакҳои ҳастаӣ дар ҷаҳон мушоҳида мешавад. Дар маҷмӯъ, беш аз 90 дарсади силоҳҳои ҳастаии ҷаҳон дар ихтиёри Русия ва ИМА мебошад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.