Сироҷиддин Муҳриддин: Тоҷикистон кумаки башардӯстонаи Ӯзбекистонро ҳамчун намоиши возеҳи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ арзёбӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон кумаки башардӯстонаи Ӯзбекистонро ҳамчун намоиши возеҳи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни мардумони ду кишвар арзёбӣ мекунад. Ин нуктаро дирӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов иброз дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКХ-и ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ба ҷониби Ӯзбекистон барои кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, ки Тоҷикистон иқдоми мазкурро ҳамчун намоиши возеҳи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни мардумони ду кишвар арзёбӣ мекунад.

Мусоҳибон инчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.