Ситодҳои Навалний аз қатъи фаъолият хабар доданд

Ситодҳои мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний дар минтақаҳои гуногуни он кишвар рӯзи душанбе хабар доданд, ки фаъолияти худро муваққатан қатъ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки додситонии Москва расман фаъолияти ситодҳои Навалнийро, то қарори додгоҳ дар бораи эътирофи тундгаро будани он ситодҳо, манъ кард.

Ҷонибдорони Навалний гуфтанд, дигар наметавонанд дар шакли пешин фаъолият кунанд, зеро барои кормандони ситодҳо хатарнок аст. Ситодҳо ҳамчунин саҳифаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пок мекунанд.

Леонид Волков, роҳбари ситодҳои минтақавии Навалний қатъи фаъолияти онҳоро тасдиқ кард. Вай ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки додситонӣ созмони ҷамъиятии “Ситодҳои Навалний”-ро “бофтааст” – чунин созмоне расман мавҷуд нест. Волков ваъда кард, нақшаҳои ояндаро ба зудӣ ошкор мекунад.

Додситонии Москва рӯзи 16 апрел аз додгоҳ хост, ки созмони Навалнийро тундгароёна эътироф кунад. Он замон Навалний дар зиндон гуруснашиӣ мекард ва ҷонибдоронаш ба гирдиҳамоӣ омодагӣ медиданд. Мақомоти додситонии Русия мегӯянд, ҷонибдорони Навалний мехоҳанд, “барои тағйири асосҳои сохтори конститутсионӣ, аз ҷумла тавассути сенарияи “инқилоби ранга” шароит фароҳам оваранд”.

Дар сурати тундгароёна эътироф шудани созмони Навалний, фаъолияти он дар Русия ғайримумкин мегардад ва расонаҳо вазифадор мешаванд, ки ҳангоми зикри ин созмон ҳамзамон нависанд, ки он дар ҳудуди Русия мамнуъ аст.

Ситодҳои Навалний дар даҳҳо минтақаи Русия дар соли 2017 таъсис шуданд. Он замон сиёсатмадор ба интихоботи президентии Русия омодагӣ мегирифт. Аммо ситодҳо баъди интихобот фаъолияти худро идома доданд. Ситодҳо иқдомҳои эътирозӣ ташкил мекунанд, маводи тарғиботӣ паҳн месозанд ва таҳқиқотҳои зиддикоррупсионӣ таҳия мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.