Ситоди зидди коронавирус таҷлили Наврӯзро иҷоза дод

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон баргузории ҷашни  Наврӯзро дар кишвар бо ташкили чорабиниҳои  фарҳангиву варзишӣ ва  тантанаҳои идона иҷозат дод. Аммо намоишҳои оммавии театрӣ дар майдонҳо манъ карда шудааст. Ҳамзамон ба Вазорати тандурустӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва тартиботи ҷамъиятиро дар рӯзи ид таъмин кунанд. Зимнан, соли гузашта сарфи назар аз оғози пандемияи коронавирус дар ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон, мақомот ҷашни дастаҷмаъии Наврӯзро бо ширкати 12 ҳазор нафар барпо карданд. Ин тасмими мақомот, ки то охири моҳи апрел ба набуди коронавирус дар кишвар пойфишорӣ мекарданд, мавриди интиқод қарор гирифт.  Таҷлили бошукӯҳи Наврӯз дар ҳоле буд, ки аз минтақаи шимоли Тоҷикистон хабарҳои ташвишовар дар бораи гирифтории бархе сокинон ба пневмонияи ғайримаъмулӣ дастрас мешуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.