Ситоиши ноҷо ва тамаллуқ дар нашрияи “Ҷумҳурият”

  • Манобеи молӣ:Будҷа

Маводи таҳқиқшаванда

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

MediaMarker

Дар ин матлаб корманди идораи давлатӣ талош кардааст, ки нигоҳи чанде аз олимон ва коршиносонро оиди нақши як корманди сатҳаш боло дарҷ кунад, аммо бо овардани чанд иқтибоси интихобӣ ба ситоиши ноҷо ва тамаллуқ роҳ додааст.

  • Муаллифи ин матлаби танҳо нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон  президент Эмомалӣ Раҳмон, ки корфарои ӯ мебошад “шахсияти барои миллат муҳимтарин” хонда, ин хулосаашро ба ягон далелу санад ё натиҷаи тадқиқот асоснок накардааст.  Аз мавҷудияти назарҳои баръакси ин нагуфтааст.
  • Дар матлаб аз қавли сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо омадааст, ки “Мардуми Тоҷикистон шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро батадриҷ ҳамчун роҳбари тавоною пуртаҷриба ва ҳамчун Пешвои воқеии худ пазируфта, ин мафҳум ва ин мақом дар зеҳни ҷомеа пухта расида буд. Аз ин рӯ, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» бештар нақши мақоми ҳуқуқӣ бахшидан ба ин воқеияти таърихиро дошт», ки ҳақиқат надорад.
  • “Пешвои миллат” ва “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” унвонҳои барои худ интихобкардаи президент Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ҳадаф аз мақоми ҳуқуқӣ бахшидани онҳо нигоҳ доштани қудрати сиёсӣ дар дасти худ ва шароит фароҳам овардан барои интиқоли қудрат ба шахси мавриди назари ӯ мебошад. Ин талошҳои ӯро на ҳама дар ҷомеаи Тоҷикистон қабул доранд.
  • Бар замми ин, “зеҳни ҷомеа” субъекти воқеъӣ нест, ки дар он мафҳум ва мақоми сиёсӣ пайдо гардад. Зеҳни ҷомеа мафҳуми тахайюлӣ ё бофта буда, назарҳо оиди “Пешвои миллат” хондан ё нахондани Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи Тоҷикистон то ҳол гуногун мебошад. Ҳизбу гуруҳҳои сиёсӣ ва фаъолони зиёди ҷомеаи мадании Тоҷикистон ин унвонҳоро қабул надоранд, балки аз онҳо интиқод ҳам мекунанд.
  • Муаллиф ба тавсифи нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон пардохта, қабули чандин ҳуҷҷати меъёрӣ, аз ҷумла  “Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба шахси ӯ рабт додааст, вале аз назари интиқодӣ кор нагирифтааст. Ҳол он ки сифати хидмати давлатӣ ва механизми таъмини иҷрои қонунҳо, хоса непотизм ё хешутаборбозӣ дар ин соҳа пайваста мавриди интиқоди расонаҳо қарор дорад.
  • Дар поёни матлаб муаллиф аз китоби ҳамфомили худ ходими шинохтаи давлатӣ Абдулмаҷид Достиев “Ситораи ғолиб” ёд овардааст, вале ҳич иқтибос ё нуктаи муҳиммеро аз он дарҷ накардааст.
  • Дар матлаби “Ҷумҳурият” ҳич назари интиқодӣ ё алтернативӣ вуҷуд надорад, ки бархилофи асли рӯзноманигории риояи таносуби назарҳо мебошад.
  • Иншо ва нашри ин матлаб, ки моломоли ситоиши ноҷо ва тамаллуқ аст,  бархилофи “Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва талаботи банди 7-и  “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” мебошад.

The post Ситоиши ноҷо ва тамаллуқ дар нашрияи “Ҷумҳурият” appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.