Сиёсатмадор ва соҳибкори бонуфузи рус ба 13 соли зиндон маҳкум шуд

Як соҳибкор ва сиёсатмадори бонуфузи рус аз минтақаи Сибир барои  фармоиши куштори ду мард дар ҳодисаҳои 25 соли пеш ба 13 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи ноҳияи Свердлови вилояти Красноярск ҳукми айбдоркунии Анатолий Биковро рӯзи 7-уми сентябр қироат кард. Як ҳафта пеш аз ин додгоҳи ҳакамӣ  гуфт, ки гуноҳи Биковро аз рӯи иттиҳоми фармоиши куштори Александр Наумов ва Кирилл Войтенко дар моҳи июли соли 1994 собитшуда меҳисобад. Биков моҳи маи порсол боздошт шуда, мурофиаи додгоҳиаш имсол шурӯъ шуд. Муфаттишон гуфтанд, ки баъди аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурданаш дар соли 1994 Биков аз як ҷинояткори бонуфуз Владмир Татаренко хост, ки рақиби тиҷоратиаш Наумов ва дӯсти ӯ Войтенкоро бикушад. Ду соҳибкор  соли 1994 аз тири туфанг кушта шуданд.

Биков гуфтааст, ки гуноҳ надорад. Ин соҳибкор ҳамчунин дар фирор аз андоз, ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, даст доштан дар куштори соҳибкори дигар Андрей Неколов ва сӯиқасд ба куштори муовини президенти Федератсияи бокси Красноярск Андрей Грабовский гунаҳгор дониста шуд. Биков 61 сол дошта, солҳои 1997 то 2016 вакили маҷлиси вилояти Красноярск буд, дар корхонаи алюминии вилоят дар мақоми ҳаммассис ва узви шӯрои раисон кор кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.