СММ: Ҳаҷми сармоягузории ҷаҳонӣ дар нимаи аввали соли 2020 ҳудуди 50% коҳиш ёфтааст

Конфронси тиҷорат ва рушди Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбеи 27-уми октябр гузориши навашро дар мавриди раванди сармоягузории ҷаҳонӣ нашр кард. Тибқи ин гузориш, нимаи аввали соли 2020 ҳаҷми сармоягузори хориҷии мустақим нисбат ба соли 2019 ҳудуди 49 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин конфронс сабаби аслии ин поинравиро паёмадҳои иқтисодии бӯҳрони КОВИД-19 донистаст.

Дар пайи ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо ва карантин дар оғози пандемияи фарогир, дар бисёре аз нуқтаҳои ҷаҳон тарҳҳои сармоягузории мавҷуд ба мушкил рӯбарӯ шуданд ва аксари ширкатҳои чандмиллиятӣ ба хотири нигаронӣ аз рукуди иқтисодӣ, дар тарҳҳои нави сармоягузорӣ таҷдиди назар карданд.

Ҷемз Жан, мудири бахши сармоягузории Конфронси тиҷорат ва рушди СММ гуфт, “коҳиши ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷии мустақим ба хусус дар кишварҳои пешрафта беш аз пешбинии мо будааст. Кишварҳои дар ҳоли рушд мушкилоти иқтисодии нимаи аввали соли мелодиро беҳтар таҳаммул карданд. Ояндаи сармоягузорӣ ниҳоят норушан аст”.

Тибқи ин гузориш, ҳаҷми сармоягузории хориҷии мустақим тайи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба 98 миллиард коҳиш ёфтааст, ки ҳудуди 75 дарсад камтар аз соли гузашта аст.

Ин коҳиш дар кишварҳои аврупоӣ бисёр чашмрас будааст. Дар Амрикои Шимолӣ низ ҳаҷми сармоягузории хориҷии мустақим ҳудуди 56 дарсад коҳиш ёфта, 68 миллиард доллар кам шудааст.

Гардиши сармоягузории хориҷии мустақим дар кишварҳои дар ҳоли рушд бар хилофи интизор, 16 дарсад коҳиш ёфтааст ва сабаби аслии он, тобоварии иқтисоди Чин будааст.

Коҳиши гардиши сармоягузории хориҷии мустақим дар нимаи аввали соли 2020 дар Африқо ҳудуди 28 дарсад ва дар Амрикои Лотинӣ 25 дарсад будааст.

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз ниме аз ҳаҷми сармояи ҷаҳонӣ, сармоягузориҳои хориҷии мустақим ба Осиё тааллуқ дорад.

Таҳти таъсири уфти шадиди сармоягузории хориҷӣ, ҳаҷми гардиши сармоягузории хориҷӣ дар қудратҳои иқтисодии навзуҳур мисли Русия, Ҳинд, Бразил ва Африқои Ҷанубӣ ҳудуди 81 дарсад коҳиш ёфтааст

Ин ниҳод пешбинӣ мекунад, ки дар соли 2020 ҳаҷми сармоягузории хориҷии мустақим нисбат ба соли гузашта байни 30 то 40 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

Бо таваҷҷуҳ ба эҳёи бахше аз сармоягузориҳо дар моҳҳои ахир, ин раванд дар кишварҳои рушдёфта мумкин аст нисбат ба нимаи аввали соли ҷорӣ коҳиши бештар пайдо накунад.

Ҳолати гардиши сармоягузориҳои хориҷии мустақим дар кишварҳои дар ҳоли рушд низ бинобар оғози раванди эҳёи иқтисод дар кишварҳои Осиёи шарқӣ, мумкин аст босубот шавад.

Конфронси тиҷорат ва рушди Созмони Милали Муттаҳид дар поёни гузориши худ таъкид мекунад, ки бо вуҷуди коҳиши чашмраси ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷии мустақим дар нимаи аввали соли ҷорӣ, гардиши ин сармояҳо барои иқтисоди кишварҳои дар ҳоли рушд бисёр муҳим аст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.