СММ: Ҷеенбеков ягона намояндаи ҳукумати қонунии Қирғизистон аст

12-уми октябр вазири умури хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков бо намояндаи вижаи дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ Наталия Герман суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКХ, Герман таъкид кардааст, ки СММ ҳамеша шарики боэътимоди  Қирғизистон аст ва ҷонибҳоро ба ҳалли босуботи вазъи баамаломада даъват мекунад. Герман бар ин аст, ки феълан маҳз Сооронбой Ҷеенбеков раисҷумҳури қонунӣ, намояндаи ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар ба шумор меравад.

“Изҳори умед карда шуд, ки президент метавонад дар доираи заминаҳои ҳуқуқӣ ва бо дастгирии тамоми неруҳои сиёсӣ, қишрҳои мухталифи аҳолӣ, аз ҷумла ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонон роҳи дурустеро барои давлат пайдо кунад. Дабири кулли СММ Гутерриш вазъиятро назорат мекунад ва дар изҳоротҳои 6 ва 9-уми октябр вай бори дигар омодагии СММ-ро барои мусоидат ва пайдо кардани роҳҳали берун шудан аз вазъи буҳронӣ дар доираи раванди конститутсионӣ, аз ҷумла баргузор кардани интихоботи нави парлумонӣ ва ҳарчӣ зудтар ба эътидол омадани вазъи иқтисодии кишвар изҳор дошт”, – гуфта мешавад дар хабари ВКХ.

Чингиз Айдарбеков, вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон гуфтааст, президент тамоми талошҳои худро ҷиҳати ҳар чӣ зудтар ба фазои ҳуқуқӣ овардани равандҳои сиёсии баамаломада равона мекунад.

Пас аз интихоботи парлумонии 4-уми октябр неруҳои сиёсӣ ва ҷамъиятии ба натоиҷи он норизо дар майдони марказии “Ала-Тоо”-и Бишкек гирдиҳамоии эътирозӣ созмон доданд. Эътирозгарон шаби 6-уми октябр бинои КДАМ ва “Қасри сафед”-ро, ки порлумон ва дастгоҳи президент онҷост, муҳосира карданд.

Инчунин, як қатор сиёсатмадор ва мансабдорони собиқ, аз ҷумла Содир Ҷапаровро аз зиндон озод карданд. Ҷапаров рӯзи 10-уми октябр ба маснади нахуствазир таъин гардид. Вазъ дар Қирғизистон ҳанӯз ба эътидол наомадааст, зеро неруҳои сиёсӣ ба як қарори воҳид омада наметавонанд.

Шаби 9-уми октябр Соронбой Ҷеенбеков дар як изҳорот гуфт, “ҳар вақте кишвар ба масири қонунӣ баргардад”, омодааст аз мақоми худ истеъфо диҳад. 10-уми октябр бархе аз вакилони Жогорку Кенеш дар як ҷаласаи ғайринавбатӣ ҳайати ҳукуматро бо раҳбарии Содир Ҷапаров тасдиқ намуданд.

Аммо як рӯз баъд, 11-уми октябр қисме аз дигар вакилон, фаъолони ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва ҳуқуқшиносон изҳор доштанд, ки тасмимҳои гирифташуда қонунӣ нестанд ва зарур аст, ки ҷаласаи парлумон аз нав гузаронда шавад. Худи Содир Ҷапаров дар нишасти хабарие пас аз таъин шуданаш гуфт, расман ба кор шурӯъ мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.