СММ аз Русия хост, “кушиши қатл”-и Навалнийро таҳқиқ кунад

Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон Мишел Бачелет заҳролудшавии эҳтимолии мухолифи рус Алексей Навалнийро “кушиши қатл” номида, аз Русия хост, онро таҳқиқ кунад.

“Наметавон танҳо рад кард, ки ӯ заҳролуд шудааст ва ё зарурати таҳқиқи мушикофона, мустақил, шаффоф ва беғаразро рад кард”, – гуфт намояндаи СММ дар хитоб ба мақомоти рус. Ба гуфтаи комиссар, Навалний қурбони “ҷинояти бузург” шудааст. Бачелет афзуда, ки мухолифи рус бо вуҷуди ба “ҳимояти давлатӣ” ниёз доштанаш, онро дарёфт накард.

Дар изҳороти Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон аз хабари бемористони “Шарите”-и Олмон дар бораи он ки Навалний ба ҳуш омадааст, истиқбол карда шудааст.

Ҳамчунин қайд шуда, ки шумори ҳолатҳои заҳролудшавии шаҳрвандони Русия дар ватан ва хориҷ аз он дар давоми 20 соли ахир нигарониҳоро ба бор овардааст. Бештари ин ҳолатҳо ба таври лозимӣ таҳқиқ нашуданд, ки ин фазои “наздик ба беҷазоӣ”-ро ба вуҷуд меорад.

Навалний рӯзи 20 июл дар ҳавопаймое аз Сибир ба Маскав худро бад ҳис кард ва ҳавопаймо маҷбур шуд дар шаҳри Омск нишасте бикунад. Баъди ду рӯзи бистарӣ шудан дар беморхонаи маҳаллӣ Навалнийро ба Олмон ба интиқол доданд ва табибони беморхонаи “Шерите” баъди чанд рӯзаш гуфтанд, ки сиёсатмадори 44-солаи рус заҳролуд шудааст.

Ҳоло ӯ ба ҳуш омада, мавриди муолиҷа қарор дорад. Тарафдорони Навалний гуфтанд, ки ӯро қасдан заҳролуд карданд ва дар пушти ин ҳодиса Кремл истодааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.