СММ ба қатъи зӯровариҳо нисбати мухолифони Лукашенко даъват кард

Гузоришгари ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Беларус рӯзи 26 октябр аз ҳукумати ин кишвар талаб кард, ки “аз саркӯб кардани мардуми худ даст кашад ”. Ин ишораест ба боздошт шудани ҳазорон нафар аз эътирозгарони зидди Аляксандр Лукашенко дар ҷараёни эътирозҳои ахир. Талаби Анаис Марин дар ҳоле садо медиҳад, ки мухолифони Лукашенко ба корпартоии саросарӣ дар кишвар оғоз кардаанд ва дар раҳпаймоиҳои эътирозӣ садҳо нафар боздошт шудаанд. Марин ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ гуфт, ки дар моҳҳои август ва сентябр ба камияш 20 ҳазор нафар боздошт шуд, аз латукӯб, шиканҷа ё дигар бадрафторӣ нисбати онҳо дар боздоштгоҳҳо гузориш шудааст. Муроҷиати Марин дар изҳороти кумитаи иборат аз 52 кишвари асосан аврупоӣ ва Иттиҳоди Аврупо аксандоз шуд. Онҳо низ қатъи зӯроварӣ бар тазоҳуркунандагони осоишта ва тарсонидани раҳбарони мухолифат, рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқро талаб карданд. Дар Беларус ҳафтаҳост эътирозҳои зидди Лукашенко идома доранд, ки пирӯзияш дар интихоботи президентии 9 август боиси нобоварӣ ва баҳсҳо шудааст. Мухолифони ӯ мегӯянд, натиҷаҳои расмии овоздиҳӣ дурӯғанд ва дар асл номзади онҳо Святлана Тихановская барандаи қонунии инттихобот аст. Тихановская гуфт, ки корпартоӣ бо даъвати ӯ ҳамчун фишор ба Лукашенко барои рафтан аз мансаб “танҳо акнун оғоз ёфт ва то рафт қавитар хоҳад гашт.”

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.