СММ: Тоҷикистон дар мақоми поини ташаббусҳои зеҳниву рушди илмӣ

Тоҷикистон дар гузориши СММ оид ба Шохиси ҷаҳонии ташаббусҳо аз миёни 132 кишвар дар ҷои 103-юм қарор гирифтааст. Гузорише, ки пешрафтҳои илмиву иҷтимоӣ ва ҳам вазъи сиёсии кишварҳоро аз соли 2007 таҳқиқ мекунад, яке аз таҳқиқоти ҳарсолаи мутахассисони Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ мебошад. Пажӯҳиши имсола бар асоси 81 нишондод, аз ҷумла, таъсири пандемияи COVID-19 ба паҳлӯҳои мухталифи ҷомеаҳо барпо шудааст. Пажӯҳишгарон, аз ҷумла, нишондодҳои мисли сармояи инсонӣ, зербунёдҳо, рушди тиҷорату соҳибкорӣ, фанновариҳо ва ташаббусҳоро дар ҳар кишвар мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Нишонодҳои Тоҷикистон аз назари фазои сиёсӣ, шароити тиҷорату соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ба инсон, рушди илмӣ, маҳсулоти зеҳнӣ ва фаннӣ дар қиёс бо кишварҳои дигар чандон баланд нест.

Дар феҳристи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ин назар Швейсария, ИМА, Бритониёи Кабир, Ҷумҳурии Корея, Нидерланди, Финляндия, Сингапур, Дания ва Олмон ёд мешаванд. Чин дар ҷои 12, русия дар мақоми 45 ва Беларус дар мақоми 62-юм мебошанд. Муҳаққиқон гуфтаанд, ки таъсири бӯҳрони пандемияи коронавирус дар иқтисоди кишварҳои зиёд “ба таври нобаробар ва номуназзам” будааст. Масалан, ширкатҳое, ки бо хадамоит интернетӣ машғул ҳастанд, сармоягузорӣ ба кору ташаббусҳои худро афзоиш дода, бо рушди барномаҳои интернетӣ, маҳсулоти доруворӣ ва биотехнологияҳо машғул шудаанд. Дар соҳаҳои мисли нақлиёту ҷаҳонгардӣ нишондодҳо поин омадаанд. Дарен Танг, раҳбари калони Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ зимни муаррифии ин гузориш гуфтааст, бархе соҳаву ширкатҳо, мисли онҳое, ки бо хадамоти рақамӣ ва интернетӣ машғуланд, дар баробари зарбаҳои пандемияву воқеиятҳои нав “истодагарӣ карданд”. Ӯ гуфт, “ташаббус ва навкорӣ дар раҳоӣ аз саддҳову чолишҳои умумӣ нақши хеле муҳим мебозанд”. Дар Тоҷикистон дар давраи пандемияи коронавирус ва пеш аз он ҳам интиқодҳо аз то рафт бад шудани хадамоти интернетӣ, суръати заъифу нархномаҳои баланди ин хадамот интиқодҳо зиёд садо додааст. Бархе соҳибкорони пешқадам дар Тоҷикистон ҳам аз солҳо пеш мегӯянд, ки барои кишвари вобаста аз даромадҳои муҳоҷирон ва бо захираҳои начандони ғании табиӣ маҳз интернет метавонад шонсе барои пешбурди соҳаи соҳибкориву тиҷорат ва сармоягузорӣ, пайдо шудани хадамоти нави тиҷоратӣ тавассути шабакаи интернетӣ шавад. Мунаққидони ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани дастрасӣ ба интернет бо ҳадафҳои сиёсӣ ва ҳам вуҷуди фасод дар муҳити сармоягузории кишвар интиқод мекунанд. Сомонаи таҳлилии datareportal.com мегӯяд, Тоҷикистон аз назари суръати Интернет дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи аз ҳама охир қарор дорад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.