Соҳибкори тоҷик барои ҳимоят аз ҳаққи се муҳоҷири боздоштшуда 230 ҳазор рубл додааст

Вазорати меҳнат барои муҳоҷирон кор меёбад

Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав ба тоҷикони корафтода кумаки ҳуқуқӣ пешниҳод мекунад.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик телефони боварӣ роҳандозӣ кард.

Гуфта мешавад, ин ташаббус ба хотири мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони корӣ, сари вақт бартараф намудани мушкилоти онҳо, қабули дархости шифоҳӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ роҳандозӣ шудааст.

Телефони боварӣ аз соати 9:00 то соати 18:00 ба вақти Маскав фаъолият намуда, ба дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мутахассисони соҳа дар чанд бахш посух медиҳанд. Муҳоҷирон тавассути рақами +7(495)9679844 метавонанд муроҷиат кунанд.

Таъкид шуд, ки мутахассисони соҳа вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ, танзими муносибатҳои корӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнат, шарҳи қонунгузории Русия пусох дода, ҳамзамон муроҷиати шифоҳии шаҳрвандонро қабул

Соҳибкори тоҷик барои ҳимоят аз ҳаққи се муҳоҷири боздоштшуда 230 ҳазор рубл додааст

Як соҳибкори тоҷик дар Иркутск ба ду адвокате, ки аз ҳуқуқи се муҳоҷири боздоштшуда ҳимоя мекунанд, 230 ҳазор рубл додааст.

Ба гуфтаи масъулони ҷамъияти тоҷикони Иркутск, соҳибкор Мирзоҳаёт Соҳибов ба муҳоҷироне, ки дар сӯхтор осеб диданд, сару либос дода, ба ду муҳоҷире, ки дар беморхона бистарианд, ба харидани дору низ ёрӣ кардааст.

Шаби 12-уми ноябр дар деҳаи Заларии Иркутск вагони зисти ҳафт муҳоҷири тоҷик оташ зада шуд, ки дар натиҷаи он ду нафар ҷон бохтанд. Мақомоти Русия дар аввал гуфтанд, ки ин кор аз ҷониби сокинони маҳаллӣ анҷом шудааст, вале се муҳоҷири тоҷикро, ки пайвандонашон ҷабрдида медонанд, бо иттиҳоми қасди куштор боздошт карданд. Аз ҷониби сокинони маҳаллӣ як нафар дастгир шудааст.

Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск, рӯзи 3-юми декабр гуфт, кумаки асосиро ба муҳоҷирон сафорати Тоҷикистон мерасонад, вале ҳамзамон Мирзоҳаёт Соҳибов аз ибтидо дар канори муҳоҷирон буд.

Мирзоҳаёт Соҳибов зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия аст ва дар Иркутск тиҷорат дорад.

Қирғизистон вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони Тоҷикистонро сабук кард

Девони вазирони Қирғизистон эълом кард, ки ба тартиби вуруду  хуруҷи шаҳрвандони Тоҷикистон, ба хусус кормандони намояндагиҳои дипломатӣ тағйирот ворид кардааст. Баъди даргириҳои хунини ахири моҳи апрел Девони вазирони ин кишвар бо судури як қарор, сар аз 21-уми май марзҳояшро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон комилан баста буд.

Раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов бо имзои як фармон сар аз 1-уми декабри соли 2021 ба фармони қаблан содиркардаи девони вазирони ин кишвар дар 21-уми майи имсол тағйирот ворид кардааст. Ин тағйиру иловаҳо ба хотири ба тартиб даровардани масъалаҳои вуруд, хуруҷ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон, ба хусус кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ дар Қирғизистон ворид карда шудааст.

Ба ин тартиб, ҳамакнун барои аз Тоҷикистон ба Қирғизистон сафар кардани кормандони намояндагиҳои дипломатии Қирғизистону Тоҷикистон, кормандони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо дар Қирғизистон, инчунин аъзои оилаи онҳо ҳуҷҷати таъйидкунандаи  хешутаборӣ, аккредитатсия ё шиносномаи дипломатӣ-хизматӣ дошта бошанд, иҷозат дода мешавад. Агар чунин ҳуҷҷатҳо мавҷуд набошад, онҳо метавонанд бо дархости  Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон иҷозаи вуруд ба ин кишварро дарёфт кунанд.

Раҳимзода сатҳи омодабошии ҷангии низомиёнро дар ВМКБ санҷид

Сардори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кори воҳидҳои низомӣ дар Помирро тафтиш кард.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода кори қисмҳои низомии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тафтиш кард.

Вазир вазъи омодагии ҷангии қисмҳои низомии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва Вазорати мудофиа дар ВМКБ-ро имтиҳон намудааст.

Гуфта мешавад, омодагии ҷангии ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ, бахусус сарбозону афсарон дар сатҳи баланди касбӣ қарор дошта, ҳамаи техника ва лавозимоти ҷангӣ низ дар ҳолати хуб қарор доранд.

“Зимни суҳбату вохӯрӣ афсарону сарбозон рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат нишон дода, ҳифзи Ватан ва таъмини амнияти шаҳрвандонро вазифаи муқаддаси худ мешуморанд”, – афзудааст манбаъ.

Раҳимзода барои хизматҳои арзанда дар таҳкими суботу оромӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти сокинони вилоят ба афсарону сарбозон изҳори миннатдорӣ карда, бархе аз онҳоро аз номи Вазорати корҳои дохилӣ бо туҳфаҳо сарфароз гардонидааст.

Илова бар ин Раҳимзода омодагии афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии вилоятро барои давраи зимистонгузаронӣ тафтиш кардааст.

Санҷиш маълум кардааст, ки афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии номбурда ба мавсими зимистонгузаронӣ омодагии ҳамаҷониба дида, дар анбори онҳо захираи хӯрока, либос ва сузишворӣ кофӣ аст.

Раиси КАДАМ- и Қирғизистон гуфтааст, ки марз бо Тоҷикистон зери назорат аст

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, гуфт, вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон “зери назорат аст“.

“Дар 3-4 рӯзи охир вазъ печида шуда, нигарониҳоро ба бор оварда буд. Рӯзи 1-уми декабр, нисфи шаб, музокироти дуҷониба дар деҳаи Куктош ба поён расид. Вазъ зери назорат аст, сарҳадҳо мустаҳкам карда шудаанд ва мо дар хидмат ҳастем,” – афзудааст Тошиев.

Рӯзи якуми декабр сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара дар бораи рабуда ва латукӯб шудани як омӯзгори 59-сола дар марз бо Қирғизистон хабар доданд. Раиси деҳаи Куктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон баръакс иддао кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон як сокини ин деҳаро ҳангоми ҷустуҷӯи чорво задаанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон шаби 1-уми декабр гуфт, дар сарҳад “аз самти Тоҷикистон аз туфанги шикорӣ 7-8 тир холӣ карда шудааст”. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар мавриди ҳарду ҳодиса ва ҷузъиёти музокирот шарҳе надодаанд.

Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар музокирот ҳокимони ноҳияҳои наздимарзӣ ва намояндагони ниҳодҳои қудратӣ иштирок доштанд ва ба ин натиҷа расиданд, ки аз 2-юми декабр минтақаҳои марзиро муштарак ё якҷоя посбонӣ мекунанд. Феълан вазъ дар сарҳад муътадил гуфта шудааст.

Сообщение Соҳибкори тоҷик барои ҳимоят аз ҳаққи се муҳоҷири боздоштшуда 230 ҳазор рубл додааст появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.