Собиқ раҳбари ФИФА Блаттер барои 6 солу 8 моҳ аз футбол дур карда шуд

Собиқ президенти ФИФА ё Федератсияи байналмилалии футбол Йозеф Блаттер ва собиқ дабири кулли ин созмон Жером Валке ба мӯҳлати 6 солу 8 моҳ аз ҳақи машғул шудан ба ҳама гуна фаъолиятҳои марбут ба футбол маҳрум шуданд.  Вебсайти ин созмон мегӯяд, қарор аз ҷониби ҳайати доварони як кумитаи мустақили ахлок қабул шудааст, ки аз назари номуносибии рафтори ин ду мақомдор ба Оинномаи федератсия баҳогузорӣ кардаанд. Блаттери 85-сола солҳои 1998 то 2015 Федератсияи байналмилалии футболро раҳбарӣ мекард, вале дар паи моҷарои марбут ба фасод мақомашро тарк кард. Бар асоси қарори пешин, Блаттер то охири соли 2021 ҳақ надошт бо фаъолиятҳои марбут ба футбол даст занад.

Бар асоси қарори нав, Блаттер дар пардохтҳои ғайриқонунии маблағҳо ба мақомдорони соҳаи варзиш, пардохти ғайриқонунии хароҷоти судии Валке аз ҳисоби ФИФА ва дигар қонуншиканиҳо гунаҳгор эълон шудааст. Ҷараёни дисквалификатсия ё ихроҷи Блаттер баъди хатми мӯҳлати кунунии муҷозоташ 8-уми октябри соли 2021 оғоз мешавад.

 Поёни соли 2020 Блаттер ҷароҳати дилро пуштисар кард ва дар давоми моҳи январ як ҳафта дар комаи сунъӣ буд. Ду ҳафта пеш Вячеслав Колосков, собиқ муовини президенти ФИФА ба ТАСС гуфт, ки президенти собиқи Федератсияи футболи байналмилалӣ аз беморхона рухсат шуда, худро хуб ҳис мекунад ва ҳоло дар хонааш мебошад. Блаттер шаҳрванди Швейсария мебошад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.