Собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷопон нахуствазири баъдии ин кишвар мешавад

Собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷопон Фумио Кишида раҳбари ҳизби ҳокими либерал-демократӣ шуд ва акнун бояд нахуствазири нави ин кишвар шавад. Ҷопон дар ҷаҳон иқтисоди сеюми азимтарин ба шумор меравад. Дар як овоздиҳӣ рӯзи 29-уми сентябр Кишида бар номзадии Таро Коно ғолиб шуд, ки ба хотири пешбурди барномаи воксина бисёр маъруф гардидааст. Йошиҳиде Суга, нахуствазири амалкунандаи Ҷопон баъди як соли раҳбарӣ эълон кард, ки аз мақомаш канор меравад.

Пирӯзии Кишида дар овоздиҳии парлумонӣ рӯзи 4-уми октябр бемушкил хоҳад буд, чун ҳизбаш ва шарикони эътилофиашон маҷлисро назорат мекунанд. Дар миёни масоили муҳими нахуствазири баъдӣ расидагӣ ба иқтисоди аз пандемия осебдидаву тақвияти ҳамкориҳо бо ИМА дар муқобили хатарҳои минтақавии амниятӣ мебошад.

Йошиҳиде Суга бисёр сокинони Ҷопонро ба хотири шеваи бархӯрдааш бо пандемияи коронавирус ва ҳам пойфишориаш ба баргузории бозиҳои олимпии тобистона асабонӣ карда буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.