Собиқ журналисти рус дар фурӯши иттилои низомӣ ба Ҷумҳурии Чех муттаҳам шуд

Русия як журналисти собиқро бо иттиҳоми хиёнат ба давлат муттаҳам карда мегӯяд, ки ӯ гӯё маълумоти махфӣ дар бораи силоҳҳоро ба  як ҳукумати узви НАТО медод. Бархе боздошти  Иван Сафроновро ҳамла ба озодии баён меноманд. Сафронов аз моҳи маи соли ҷорӣ ба унвони мушовири раиси оҷонсии Роскосмос  кор мекард, вале ин оҷонсӣ дафъатан гуфт, ки боздошту иттиҳоми ӯ ба кораш дар ин идора рабте надорад. Рӯзи 7 июл Сафронов боздошт шуд ва хонааш, ки дар берун аз Маскав ҷойгир аст, аз ҷониби ходимони ФСБ (Хадамоти амнияти федеролӣ) кофтуков шуд. Дар додгоҳ Сафронов гуфт, ки бегуноҳ аст. Бо қарори додгоҳ ӯ то 6 сентябр дар боздоштгоҳ мемонад. Вакили дифои Сафронов – Иван Павлов гуфт, ки ба қавли додситонҳо, Сафронов соли 2017  иттилоъ дар бораи фурӯши силоҳҳои русӣ ба кишварҳои Ховари Миёнаву Африқоро дар ихтиёри Ҷумҳурии Чех қарор додааст. Он замон Сафронов ҳамчун журналист кор мекард. Ба қавли Павлов, Русия иддао кардааст, ки манфиатбари ниҳоии ин иттилоъ ИМА  буд. Дар сурати айбдор эълон шудани Сафронов ба ӯ то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Боздошти Сафронов яке дигар аз иқдомҳои мақомоти ҳифзи қонуни Русия дар қиболи журналистону муҳаққиқон аст, ки ин сохторҳо ва аз ҷумла ФСБ-ро дар саркӯби озодии баён гунаҳгор мекунанд. Рӯҳи 7 июл дар беруни қароргоҳи ФСБ дар Маскав як намоиши эътирозӣ ба ҳимояти Сафронов баргузор шуд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.