Собол ва Ярмиш – ду муттафиқи Навалний боздошт шуданд

Дар рӯзе, ки президенти Русия Владимир Путин барои 17-умин бор бо муроҷиати телевизиониаш ба парлумон ва мардум ҳозир шуд, дар Маскав ду муттафиқи наздиктарини сиёсатмадори мунаққиди Кремлин Алексей Навалний боздошт шуданд. Инҳо – ҳуқуқшиноси Бунёди зиддикоррупсияи  Навалний – Любов Собол аст, ки яке аз симоҳои маъруфи барномаи Навалний дар  YouTube ва сухангӯи ӯ Кира Ярмиш мебошанд. Ҷузъиёти бештар феълан дар даст нест.

Ҳафтаи гузашта Собол барои  гӯё дар моҳи декабр ғайриқонунӣ ворид шуданаш ба манзили афсари ФСБ ба як соли корҳои ислоҳӣ маҳкум шуд. Ин ҳодиса чанд соат баъди он рух дод, ки Навалний сабти сӯҳбати телефонӣ бо ҳамин мардро  нашр кард. Сӯҳбати 49-дақиқаинаи телефонии Навалний бо афсари ФСБ Константин Кудрявсев ҷузъиёти тарзи заҳролудкунии ӯро дар моҳи август фош намуд. Собол, ки иттиҳомоти зидди худро рад мекунад, мегӯяд, ин айбнома ба хотири хомӯш кардани садои ӯ сохтакорӣ шудааст. ИМА ва Иттиҳоди Аврупо барои саркӯби Навалний ва тарафдоронаш Русияро таҳрим карданд.

Ҳоло ҳам Ярмиш ва ҳам Собол дар ҳабси хонагӣ мебошанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.