Содир Ҷапаров нахуствазири Қирғизистон, Равшан Собиров яке аз муовинони нахуствазир шуд

Рӯзи 14-уми октябр вакилони Жогоргу Кенеш, парлумони Қирғизистон дар як ҷаласаи ғайринавбатие, ки дар қароргоҳи Ало-Арча ҷараён гирифт, номзадии Содир Ҷапаровро ба мақоми нахуствазири Қирғизистон тасдиқ карданд. Баробар бо ин, ҳайати нави ҳукумат ҳам қабул шуд, ки ба қавли худи Ҷапаров, “15-20 дарсадаш пурра нав шуд”. Ҷаласаи парлумонӣ, ки ба қавли хабарнигорони бахши қирғизии радиои Озодӣ бо ширкати беш аз нисфи депутатҳо барпо шуд,  бо номзадии муовинони нави нахуствазир мувофиқат кард. Аз ҷумла, дар мақоми муовини аввали нахуствазир Артем Новиков ва ба мақоми муовинони нахуствазир Мақсад Мамитканов – яке аз раҳбарони эътирозҳои баъдиинтихоботӣ ва Аида Исмоилова тасдиқ шуданд. Яке дигар аз муовинони нахуствазири Ҷапаров сиёсатмадори тоҷиктабор Равшан Собиров мебошад, ки дар гузашта ҳамчун раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ва вазири рушди иҷтимоӣ кор кардааст. Собиров солҳои 2012-2014 бо иттиҳоми фасод ба зиндон андохта шуд, вале худи ӯ ин парвандаро “дорои ангезаҳои сиёсӣ” номидааст. Моҳи августи соли ҷорӣ Собиров ба мубориза барои курсии депутатӣ пардохта буд.

Бар асоси қарори нави парлумон, яке аз раҳбарони эътирозҳои баъдиинтихоботӣ ҳам ба ҳукумат ворид шуданд – Руслан Казакбаев аз ҳизби “Республика” вазири хориҷа таъин шуд ва ӯ дар гузашта ҳам дар ин мақом кор кардааст.  

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта президент Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, ки бо қарори гурӯҳи вакилони маҷлис дар заминаи таъини Ҷапаров, собиқ зиндонӣ ва маҳкумшуда барои одамрабоӣ ба мақоми нахуствазирӣ, розӣ намешавад. Президент гуфтааст, ки тамоми қарорҳо бояд дар чаҳорчӯби қонун сурат гирад ва ҳеҷ шубҳае дар заминаи қонунӣ будани онҳо бояд вуҷуд надошта бошанд. Ҷапаров дар ҷаласа гуфтааст, ки  барномаву сохтори ҳукумат бетағйир мемонад ва танҳо дар ҳайати ҳукумат тағйирот ҷорӣ мешавад.  

Баъди интихоботи парлумонии рӯзи 4-уми октябр ва норизоияти аксар ҳизбҳои мухолифин бо хулосаҳои  овоздиҳӣ, натиҷаҳо бекор шуданд, вале дар кишвар бӯҳрони сиёсӣ ба амал омад. Рӯзи 6-уми октябр эътирозгарон бинои ҳукумат ва парлумонро тасарруф карданд ва дар кишвар мубориза барои қудрат дар миёни гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ба амал омад. Эътирозгарон, аз ҷумла, чанд зиндонии сиёсиро озод карданд ва Ҷапаров ҳам баъди чор соли зиндон, ба майдон баромад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.