Содир Ҷапаров сарвазири Қирғизистон шуд

Порлумони Қирғизистон дар ҷалассаи ғайринавбатӣ номзадии Содир Ҷапаровро ба мансаби сарвазирии ин кишвар тасдиқ кард.

Қубодбек Боронов, сарвазири пешини Қирғизистон пас аз оғози эътирозҳо дар шаби 5 ба 6-уми октябр дигар дар мазҳари ом пайдо нашуд ва бархе аҳзоби мухолифин ба ҷойи ӯ Содир Ҷапаровро пешниҳод карда буданд.

Мирлан Бакиров, сухангӯи порлумон гуфт, ки якдилона вакилон ба тарафдории Ҷапаров райъ додаанд.

Дар оғози ҷаласса гуфтанд, ки аз 120 вакил 60 нафар ҳузур дорад ва 10 нафари дигар ҳақи райъашонро ба ҳамкоронашон додаанд.

Содир Ҷапаров, ки соли 2017 бо моддаҳои “Таҳдиди қатл”, “Гаравгонгирӣ”, “Авбошӣ”, “Истифодаи зӯр нисбат ба намояндаи ҳукумат” ба 11,5 соли зиндон маҳкум шуда буд, шаби 5 ба 6-уми октябр ҳамроҳ бо чанд чеҳраи шинохта аз зиндон озод шуд.

Аз ҷумла, Алмосбек Отамбоев, президенти собиқи Қирғизистон ва Курсан Асанов, муовини собиқи вазири корҳои дохилии ин кишвар, ки дар зиндон буданд, озод шуданд.

Рӯзи 10-уми октябр Алмосбек Отамбоев ва Курсан Асанов дубора боздошт шуданд.

Ҳоло дар Бишкек вазъи фавқулода эълон шудааст ва мошинҳои зиреҳпӯш дар кӯчаҳои шаҳр дар ҳаракатанд.

Нооромиҳо дар Қирғизистон дар ҳоле оғоз шуданд, ки ҳизбҳои мухолиф интихоботи порлумонии рӯзи 4-уми октябрро ношаффоф унвон карданд. Мухолифон гуфтанд, ки бештар ҳизбҳои тарафдори ҳукумати кунунӣ баранда эълон шудаанд. Мақомот расман натиҷаҳои интихоботро бекор карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.