Сокинони Қарақалпоқистон дар эътироз ба надодани кумакпулӣ роҳро бастанд

Дар ноҳияи Кегейи Қарақалпоқистони Узбекистон сокиноне, ки кумакпулӣ барои бекориро дарёфт накарда буданд, ба нишони эътироз роҳро бастанд.

Тавре Хабаргузории расмии Узбекистон бо такя ба мақомоти маҳаллӣ хабар додааст, пардохти кумакпулии бекорӣ барои моҳҳои апрел ва майи соли 2021 ба далели мавҷуд набудани маблағ дар ҳисоби маркази шуғли аҳолии ноҳия ба таъхир афтодааст. Аз ин рӯ, 20 кас эътироз кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, масъулони ноҳия мушкилро “фавран” ҳал карда, ҷамъан 218 сокини Кегей кумакпулиро дарёфт кардааст.

Пештар хабар дода шуда буд, ки як гуруҳи сокинони маркази маъмурии Қарақалпоқистон – Нукус дар эътироз ба таъхир дар пардохти нафақапулӣ кӯчаи ба номи А. Дусназароваро бастаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.