Сокинони Қирғизистон баъд аз дахолати мақомоти ду кишвар роҳи Ворух – Исфараро кушодаанд

Сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон шаби 16-уми декабр барои чанд соат роҳи байни Исфараву Ворухро баста, танҳо баъд аз дахолати мақомоти ду ҷониб кушодаанд.

Роҳи байни ҷамоати Воруху Исфара аз ҳудуди Қирғизистон мегузарад ва баъзан сокинони маҳаллаҳои наздимарзӣ аз он ҳамчун фишанги фишор истифода мекунанд.

Сокинони деҳаи Тоҷикон, воқеъ дар канори деҳаи Оқсой, рӯзи 17-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар даҳ рӯзи охир бори дувум аст, ки роҳ баста ва танҳо баъд аз дахолати мақомот боз мешавад.

Онҳо гуфтанд, роҳ аз соати шаши бегоҳи 16-уми декабр то даҳуними шаб баста буд. “Ҳоло кушода аст, аммо вазъ ҳамоно ташвишовар аст”, – гуфтанд мусоҳибони мо бо шарти зикр нашудани номашон.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Исфараву Бодканд мегӯянд, вазъ рӯзи 17-уми декабр дар минтақаи наздимарзии Ворух – Оқсой “ором аст”.

Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон, сокинони Оқсой баъди гуё дуздида шудани ду аспи як сокини деҳа роҳро бастаанд. Онҳо тахмин задаанд, ки аспҳо ба Тоҷикистон бурда шудаанд ва бо бастани роҳ ёфтан ва баргардонидани аспҳоро талаб кардаанд.

Дар ин бора мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бодканд парванда кушодааст. Гуфта мешавад, то ба ҳол аспҳои гумшударо наёфтаанд.

Ҳафтаи гузашта низ сокинони Оқсой баъди ҷамъомаду бозии футболи тоҷикон роҳро як бор баста, баъд кушодаанд.

Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст. То кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хатти марзро бикашанд.

Баъзан дар ҳамин минтақаҳо ва барои обу замин ва чарогоҳ ҷанҷолу тирандозӣ сурат мегирад ва то кунун чандин нафар аз ду тараф куштаву захмӣ шудаанд.      

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.