Соли 2020 ба Тоҷикистон мошини бештар ворид шудааст

Хадамоти гумрук мегӯяд, соли гузашта воридоти мошин ба Тоҷикистон зиёд шудааст. Аксарияти ин мошинҳоро худравҳои дасти дуввум ва нисбатан арзон ташкил медиҳанд Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, дар соли 2020 ба кишвар 23 ҳазору 19 адад нақлиёт ба маблағи наздики 116 миллион доллар ворид карда шудааст. Соли 2019 шумори нақлиёти воридшуда ба Тоҷикистон 21 ҳазору 356 ададро ташкил додааст. Ба Тоҷикистон асосан мошинҳои дасти ду ворид карда мешавад, ки арзиши гумрукии онҳо нисбат ба мошинҳои нав хеле паст аст. Нақлиёти автомобилиро асосан аз кишварҳои назди Балтика ва Иттиҳодияи Аврупо меоранд. Воридоти мошинҳои боркаши калонҳаҷм аксаран аз Чин таъмин мешавад. Сокинони Тоҷикистон бештар ба мошинҳои тамғаи “Опел”, “Ҳундай”, “Тойота” ва “Мерседес” бартарӣ медиҳанд. Моҳи гузашта тоҷирони мошинбозор дар вилояти Суғд гуфтанд, ки баста будани марзҳо ва маҳрум мондани баъзе сокинони Тоҷикистон аз корҳои сердаромад дар хориҷи кишвар бозори як замон гарму серодами мошинро дар Хуҷанд сард кардааст. Аз як сӯ воридкунандагони нақлиёти сабукрав аз Аврупо гуфтанд, аксари онҳо соли гузашта аз кишвар берун рафта натавонистанд. Илова ба ин, дархост аз харидорони нақлиёти гаронарзиш низ кам шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.