Соли 2020 дар дунё 50 рӯзноманигор кушта шудааст

Созмони байналмилалии “Гузоришгарони бидуни марз” мегӯяд, дар соли равон 50 рӯзноманигор ба хотири фаъолиятҳои касбиашон ҷон додаанд. Бештари ин кушторҳо (68%) дар кишварҳое рух дода, ки дар онҳо низоъҳои мусаллаҳона нест.

Соли 2016 58 дарсади ҳалокати намояндагони ВАО дар минтақаи даргириҳои мусаллаҳона сабт шуда буд. Имсол танҳо сеяки қатли рӯзноманигорон дар кишварҳои Сурия, Яман, Афғонистон ва Ироқ, ки ҳанӯз ҳам шоҳиди задухурдҳои мусаллаҳона ҳастанд, рух додааст.

84 дарсади рӯзноманигороне, ки соли равон ҷон бохтаанд, бар асари ҳамлаҳо кушта шудаанд. Соли 2019 ин нишондод 63 дарсадро ташкил медод. Ба иттилои созмон, баъзе аз рӯзноманигорон бо бераҳмӣ кушта шудаанд. Ҳалокати рӯзноманигорон аз ҳама бештар дар Мексика (8 кас), дар Ҳиндустон (4 кас), дар Филиппин (3 кас) ва дар Гондурас (3 кас) ба қайд гирифта шудааст.

“Гузоришгарони бидуни марз” ду ҳафта пеш гуфта буд, ки на камтар аз 387 корманди расонаҳо дар саросари дунё барои иҷрои вазифаҳои касбӣ зиндонӣ шудаанд. Бештари онҳо дар зиндонҳои панҷ кишвар: Чин, Арабистони Саудӣ, Миср, Ветнам ва Сурия қарор доранд.

Зиёда аз 50 рӯзноманигор дар соли 2020 бе ному нишон шудаанд ё дар Сурияву Ироқу Яман дар асорат ҳастанд.

Гузориши “Хабарнигорони бидуни марз” дар бораи хушунат алайҳи рӯзноманигорон аз соли 1995 ба ин тараф ҳамасола нашр мешавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.