Соли 2020 дар ИМА ҳодисаҳои куштор якбора боло рафтааст

Дар ИМА дар соли 2020 ҳодисаҳои куштор якбора боло рафта, назар ба соле аз он пеш 30 дарсад афзоиш ёфтааст. Ин омори рекордӣ аз соли 1990 будааст. Бюрои федеролии тафтишот дар як гузориш рӯзи 27-уми сентябр гуфт, ҳодисаҳои куштор ва куштори тасодуфӣ то тахминан 30 дарсад афзуда, 21570 ҳолатро дар соли гузашта ташкил додааст. Соли 1990 дар авҷи эпидемияи  марбут ба истеъмоли кокаин ва ҷиноятҳои мудҳиш дар саросари ИМА 23 ҳазор ҳодисаи куштор сабт шуда буд. Соли гузашта 76 дарсади кушторҳо бо истифода аз силоҳ содир шудааст. Мутахассисон дақиқ намегӯнд, ки сабаби якбора боло рафтани ҳодисаҳои куштор чӣ аст, вале боз ҳам ин ҳолатро бо вазъи мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳам афзоиши истифодаи силоҳ дар давраи пандемияи коронавирус рабт медиҳанд. Як шарҳи дигар он буда метавонад, ки ҳузури полис дар маконҳои ҷамъиятӣ баъди интиқодҳо аз шумори зиёди ҳомиёни қонун дар паи куштори Ҷорҷ Флойд дар Миннеаполис афзоиш ёфт. Гурӯҳҳои мухолифи силоҳ мегӯянд, ин омор баёнгари он аст, ки дар ҷомеаи ИМА назорати шадидтари силоҳ зарур аст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.