“Сомон Эйр” ба Дубай ва Истамбул хатсайрҳои нав кушод

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” танҳо ширкати ҳавопаймоии хусусии Тоҷикистон, ки  монополист ба ҳисоб меравад, дар соли 2021 ба шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб ва Истанбули Туркия хатсайрҳои нав кушодааст.

  •  Акнун тайёраҳои ширкат дар ин масир дар як ҳафта ду парвоз хоҳанд дошт. Парвозҳо дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе  рӯзҳои панҷшанбеву шанбе сурат мегиранд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 04.45 ва рӯзи шанбе 20.25 гуфта мешавад ва замони баргашт аз Дубай 08.45 ва рӯзи якшанбе 00.10 гуфта мешавад.
  • Парвозҳо дар масири Душанбе-Истанбул  ҳар ҳафта рӯзҳои  душанбеву ҷумъа ва Истанбул-Душанбе сешанбеву ҷумъа сурат мегиранд.  Вақти парвоз аз Душанбе  соати 06.20 ва аз Истанбул 11.05 дар назар аст.
  • Ширкат дар хабарномааш гуфтааст, ки мусофирон бояд ба қоидаҳои парвоз ва қоидаҳои беҳдоштии замони ҳамагирии вируси куруно дар сомонаи ширкат ошно шаванд.
  •  Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон танҳо бо Истанбули Туркия ва Дубайи АМА парвозҳои мустақим дораду халос.
  • Барои берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия аз замони хуруҷи вируси куруно то кунун Тоҷикистон аз Русия парвозҳои чартерӣ ташкил мекунад, ки ҳамаи инҳоро ширкати хусусии “Сомон Эйр” анҷом медиҳад. Дар соли 2021 ин ширкат аз шаҳрҳои гуногуни Русия 130 парвози чартерӣ анҷом доданист.
  • Ба ҷуз ин се ширкати русӣ “Уралские Авиалинии”, “Ютайр” ва “S7” низ аз Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд. Дар як моҳ “Уралские Авиалинии” 80 парвоз аз шаҳрҳои Хуҷанду Душанбеву Кӯлоб хоҳад дошт ва ширкатҳои дигар ҳар ҳафта яктоӣ парвоз.
  • Мавриди зикр аст, ки бозори мусофиркашонӣ тариқи ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон инҳисорӣ буда, бузургтарин саҳмро дар он ширкати хусусии “Сомон Эйр” дорад, ки ба эътирофи умум мутааллиқ ба хонадони президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин ширкат дар таъини қимати билети ҳамопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия, ки гаронтарин дар минтақа ва ҷаҳон маҳсуб мешавад,  нақши калидӣ дорад.

The post “Сомон Эйр” ба Дубай ва Истамбул хатсайрҳои нав кушод appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.