Сомонаи “Ахбор” фаъолияташро қатъ кард (Изҳорот)

Имрӯз солгарди чоруми таъсиси сомонаи “Ахбор” аст ва дар ин рӯз идораи сомонаи “Ахбор” тасмим гирифт, ки фаъолияташро қатъ кунад.

Мутаассифона, қарори беасоси Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2020, ки бар асоси дархости низ беасоси Додситонии кул сомонаи “Ахбор”-ро ба рӯйхатти сомонаҳои мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистон ворид кард, дар фаъолияти сомона мушкилоти зиёди ҳуқуқиро ба бор овард.

Бар асоси ин қарори беасос, мутаассифона, хабарнигорон наметавонанд ба таври озодона ва бо зикри ном ба “Ахбор” гузориш фиристанд, коршиносон ба мо озодона изҳори назар кунанд ва ҳамин тавр, мақомоти расмии Тоҷикистон низ ҳаққи озодона бо “Ахбор” суҳбат кардан ва посух додан ба пурсишҳои моро надоранд, чунки онҳоро метавонанд ба ҳамкорӣ бо нашрияи мамнӯъ гунаҳкор кунанд.

Ин, албатта, хандаовар аст, вале тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ҳатто хонандагонро ҳам метавонанд барои “лайк” гузоштан ё ягон шарҳ навиштан зери матлабҳои “Ахбор” ба ҷавобгарӣ бикашонанд.

Идораи сомонаи “Ахбор” қарори Додгоҳи олиро як қарори беасос ва ғайриқонунӣ мешуморад ва ба ҳамин мавқеаш устувор боқӣ мемонад, вале мутаассифона, дар Тоҷикистон низоми додгоҳии мустақил вуҷуд надорад, ки мо битавонем аз ҳаққи қонунии худ дар муқобили ин беқонунӣ ҳимоят кунем.

Ва азбаски як расонаи комил наметавонад дар чунин шароити маҳдуд ва пур аз мониа фаъолияти комили худро ба роҳ биандозад, мо маҷбур шудем, ки ба қатъи фаъолияти “Ахбор” иқдом кунем.

Сомонаи “Ахбор”, тавре ки бархе “генералҳои лаби об”-и мо гумон мекунанд, оппозитсия набуд, ки ҳадафаш барандохтани ягон ҳукумат ва овардани ҳукумати дигар бошад, дар хидмати ягон гуруҳ ҳам набуд. Мақсади мо фақат ислоҳи ҷомиа ва расондани ахбори дурусту алтернативӣ ба мардум буду халос. Берун аз рисолати журналистӣ ҳадафи дигар надоштем.

Вале мо наметавонем бо амнияти хабарнигорону ҳар нафаре, ки бо “Ахбор” ҳусн ё нияти ҳамкорӣ нишон медод, риск кунем, амнияти онҳо ва даҳҳо ҳазор аз хонандагони худро зери хатар бигузорем.

Мо мутмаинем, ки бо андаке ислоҳи вазъ ва барқарор шудани ҳукми қонун дар Тоҷикистон сомонаи “Ахбор” дубора имкони фаъолият пайдо хоҳад кард ва аз нав эҳё хоҳад шуд.

Аммо феълан, ки чунин шароит нест, маҷбур ба чунин иқдом, яъне бастани сомона шудем.

Шояд ба ҷои “Ахбор” ба зудӣ аз сифр як сомонаи нав ба роҳ биандозем ва бо таҷрибае ки дар ин 4 соли фаъолияти “Ахбор” андӯхтем, кӯшиш кунем, ки барои ҷиноҳи саркӯбгар дар батни мақомоти Тоҷикистон ин бор баҳонае барои дигарбора масдуд кардани дастрасӣ ба ин сомонаи навро надиҳем.

Сомонаи наве, ки нақшаи сохтанаш дар дастамон аст, низ як сомонаи мустақил, беғараз ва бетараф хоҳад шуд ва кӯшиш хоҳем кард, то хабару таҳаввулоти Тоҷикистонро аз ҳамин се мавқеи мустақилият, беғаразӣ ва бетарафӣ пайгирӣ кунем.

Камоли ифтихор ва болидагии мост, ки сомонаи “Ахбор” дар ин 4 соли вуҷудаш тавонист ба яке аз пойгоҳҳои умда ва муҳими хабарии Тоҷикистон табдил биёбад.

Пойгоҳе, ки ин ҳама муддат мардумро бо ахбори алтернативӣ ва бетарафи мустақил таъмин мекард ва наздики 28 миллион (беш аз 24 миллион матлаб дар сомонаи тоҷикии “Ахбор” ва беш аз сеюним миллион дар сомонаи русӣ) матлаби хондашудааш гувоҳи маҳбубиятест, ки ин сомона дар байни мардум ба даст оварда буд.

Мояи ифтихори мо ин ҳам ҳаст, ки сомонаи “Ахбор” дар айни авҷи шуҳрату маҳбубияташ, дар ҳоле ки шумораи хонандагонаш рӯз то рӯз дар ҳоли афзоиш аст, тарки майдон мекунад. Барои ин ба якояки хонандагони азизу содиқи “Ахбор”, ки тӯли ин 4 сол бо буданд ва моро бо ҳамроҳии худ ташвиқ мекарданд, изҳори сипос мекунем!

Моро на ягон буҳрон, ё камбуди мавзӯъ ва хонанда, балки як ҳукми беасос маҷбур ба тарки майдон кард. Вале мо ҳатман бармегардем! Бо фикру идеяҳои тоза ва бо як сомонаи нав!

Бори дигар ҳазорон сипос аз якояки Шумо барои ихлос ва муҳаббате, ки тӯли ин 4 сол ба сомонаи “Ахбор” намоиш додед ва дар рӯзҳои чӣ шодиву чӣ ғам бо мо будед!

Бо эҳтиром ва ихлоси тамом,

Сардабир Мирзои Салимпур 

“Ахбор”

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.