Соярӯшанҳои як матлаби ҷолиб дар нашрияи “Садои мардум”

  • Манобеи молӣ: Будҷаи кишвар

Теъдоди маъракаҳо кам гардид

MediaMarker

Дар ин матлаб нашрияи парлумони Тоҷикистон аз баргардонидани 3907 донишомӯз аз макотиби динии хориҷи кишвар, коркарди беш аз 600 дархости ташхиси давлатии диншиносӣ, сабаби ифтитоҳ нашудани ба истилоҳ “масҷиди қатариҳо” ва кам гардидани маъракаҳо дар кишвар иттилоъ медиҳад.  Ростиозмоии он собит кард, ки:

  • Сарлавҳаи матлаб “Теъдоди маъракаҳо кам гардид” баёнгари  муҳтавои васеъи он набуда, балки бахши кӯчаки он мебошад.
  •  Манбаъи хабар Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода мебошад, ки ниҳоди амалисози сиёсати хоси ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар масоили мазҳабӣ аст. Ниҳоде, ки натиҷаи фаъолияташ мунтазам аз ҷониби созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи байналмиллалӣ мавриди интиқод қарор мегирад.
  • “Садои мардум” ин нуктаро нодида гирифта, зимни бозтоби маълумоти ин ниҳод таносуби назарҳоро ба инобат нагирифтааст, ки бархилофи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон мебошад.
  • Маълумоти дар матлаб зикршуда оиди “…дар асоси 602 дархост 23 508 номгӯй адабиёти динӣ, 18 006 варақа, 206 дафтар, 1 291 фита, 25 телефони мобилӣ, 12 ноутбук, 18 флешкорт ва 3 адад планшети дорои 7 928 сабти  видеоӣ ва аудиоиро мавриди таҳлил ва ташхиси  давлатии  диншиносӣ қарор дода, ба 384 дархост, бинобар мавҷуд будани нишонаҳои  ифротӣ, хулосаи  манфӣ дод”-ани кумитаи мазкур ҳисоботи расмӣ буда, санҷиши он берун аз имкон аст.
  • Ҳарчанд маълумот оиди ба 384 дархост хулосаи манфӣ додани масъулони кумита ҷолиб ба назар мерасад, қазияи рӯзноманигор Далер Шарипов, ки асоси айбномаи ӯро хулосаи ин Кумита оиди китобчаи “Муҳаммад (с) ва терроризм” ташкил медод, мустақил будани ин ниҳодро зери шубҳа мебарад.
  • Маълумоти нахустманбаъ оиди ба ватан баргардонидани 3907 тан аз шумори умумии 4083 донишомӯзи тоҷикистонӣ ва боқӣ мондани 92 нафар дар макотиби мазҳабӣ дар хориҷи кишвар боэътимод ба назар мерасад, зеро аз самтҳои аслии сиёсати ҳукмати феълӣ ба шумор рафта, натиҷаи ҳамкории зичи чандин ниҳод бо шумули ВКД, ВКХ, КДАМ ва Кумитаи дин мебошад.
    “Садои мардум”  сару садоҳо оид ба сабабҳои боз нашудани ба истилоҳ “масҷиди қатариҳо”-ро аз забони Сулаймон Давлатзода шарҳ дода, онро ба таъхир афтодани сафари амири Қатар ба Тоҷикистон, бинобар ҳамагирии вируси куруно рабт додааст.
  • Аммо аз сару садоҳо оиди баргузор нашудани сафари амири Қатар дар пайи боздошти 113 нафар бо ҷурми пайравӣ ба “Ихвон ул- муслимин”-ро аз ҷониби мақомоти кишвар чизе нагуфтааст, ки метавонад нишони худсонсурӣ дар ин матлаб бошад.
  • Бархилофи асли рӯзноманигории ҳақиқатнигорӣ ва пурра пешниҳод кардани иттилоъот нашрия нагуфтааст, ки муносибат ба тарҳи бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ ва нақши Амири Қатар Тамим бин Ҳамад  дар мақомоти Тоҷикистон гуногун буда, баъзе аз мақомот ба он мухолифат нишон медиҳанд, ки намунаи барҷастаи он матлаби “Ориён-инфо” дар бораи шоҳдухтари Қатар чанд рӯз пештар мебошад.

  •  Ҳарчанд “Садои мардум” дар бахши дигари матлаб сабабҳои кам шудани теъдоди маъракаҳо дар соли гузаштаро (118 ҳазору 406 маърака дар соли 2019 ва 95 ҳазору 305 маърака дар соли 2020)  шарҳ надодааст, омори зикшуда қобили эътимод ба назар мерасад. Сабаби кам шудани теъдоди маъракаҳо ҳамагирии СOVID-19 ва кам шудани даромади хонаводаҳо дар пайи он мебошад.
  •  Бояд таъкид кард, ки матлаби мавриди зикри “Садои мардум” бо ҳама норасоиҳояш дар қиёс бо матолиби дигар расонаҳо беҳтарин бозтоби расонаӣ аз нишасти матбуотии Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасад.

The post Соярӯшанҳои як матлаби ҷолиб дар нашрияи “Садои мардум” appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.