Созишномаи Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё ҳукми иҷро мегирад

Созишномаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё, ки аз иттиҳод хориҷ шуд, имрӯз ҳукми иҷро мегирад. Ҳарду палатаи порлумони Бритониё созишномаро рӯзи 30-уми декабр тасвиб карданд ва Малика Элизаветаи 2 имзои ниҳоиро дар он гузошт. Созишнома, ки баъди 9 моҳи музокирот дар поёни сол омода шуд, Бритониёро аз бозор ва ҳавзаи ягонаи гумрукии Иттиҳоди Аврупо берун мекунад.

Борис Ҷонсон нахуствазири Бритониё баъди тасвиби созишнома дар порлумон гуфт, ки “Акнун сарнавишти ин кишвари бузург дар дасти худи мост”. Ӯ рӯзи 31-уми декабрро оғози саҳифаи наве дар таърихи кишвараш ва робитаҳои нав бо Иттиҳоди Аврупо “бузургтарин ҳампаймон”-и Бритониё номид. Мунтақидон мегӯянд, ки аҳволи Бритониё берун аз Иттиҳоди Аврупо бад мешавад.

Бритониё соли 2016 баъди як раъйпурсии умумӣ аз Иттиҳоди Аврупо берун шуд, вале то кунун бар асоси қонуну қоидаҳои тиҷоратии ин хонаводаи аврупоӣ амал мекард. Созишномаи тиҷоратиро пеш аз тасвиб дар порлумони Бритониё раҳбарони Иттиҳоди Аврупо имзо карданд ва акнун он бояд барои қабули ниҳоӣ ба Порлумони Бритониё равад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.