Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ҷаласаи дабирони Шӯрои амниятро барпо мекунад

Рӯзи 15-уми сентябр дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар як конфронси видеоӣ мубориза бо терроризм ва амнияти интернетиро баррасӣ мекунанд. Оҷонсии русии ТАСС бо такя ба сайти Шӯрои амнияти Русия мегӯяд, дар ин ҷаласа “ҳамкориҳои кишварҳои узв дар масоили муқобила бо терроризм, ҷудоиталабӣ ва ифротгароӣ, муқобила бо қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ” баррасӣ мешаванд. Дар ин ҷаласа аз ҷониби Русия Николай Патрушев, дабири шӯрои амнияти Русия иштирок мекунад.

Мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз дар ин замина изҳори назар накардаанд, вале интизор меравад, ки ба намояндагӣ аз ин кишвар дабири нави шӯрои амният Насруллоҳ Маҳмудзода иштирок хоҳад кард. Маҳмудзода моҳи марти соли ҷорӣ баъди як сол дар ин мақом кор кардани Маҳмадалӣ Ватанзода, ки имсол узви маҷлиси намояндагон шуд, дабири шӯрои амнияти Тоҷикистон гардид. Маҳмудзода то он замон додситони вилояти Хатлон буд.

Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой як ташаккули минтақавии ғолибан зери назари Русия ва Чин буда, ба узвияти он Русия, Ҳинд, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Узбекистон шомил мешаванд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.